Июн 18, 2022 17:41 Asia/Dushanbe
  • Роҳёбии тими гандболи соҳилӣ навҷавонони Эрон ба ҷамъи 8 тими бартари ҷаҳон
    Роҳёбии тими гандболи соҳилӣ навҷавонони Эрон ба ҷамъи 8 тими бартари ҷаҳон

Гандболистҳои соҳилӣ навҷавонони Эрон бо пирӯзи муқобили Бразиля дар ҷамъи ҳашт тими бартари рақобатҳои қаҳрамонии ҷаҳон қарор гирифтанд.

Мусобиқоти гандболисти соҳилӣ қаҳрамонии ҷаҳон дар кишвари Юнон дар ҳоли баргузори аст.

Тими миллии ганболисти Эрон дар марҳалаи гуруҳҳи бо касби ду пирӯзи ва як шикаст ба унвони тими дувуми гуруҳи "А" роҳи марҳали дувуми рақобатҳои қаҳрамонии ҷаҳон шуд ва дар ҷамъи 12 тими бартари ҷаҳон қарор гирифт.

Дар идомаи марҳали дувуми мусобиқоти гандболи солҳилӣ навҷавонони Эрон бо пирӯзи 2 бар 0 муқобили Бразиля ба унвони тими дувуми гуруҳи худ роҳи марҳалаи як чорум ниҳоӣ рақобатҳои қаҳрамонии ҷаҳон шуд ва дар ҷамъи ҳашт тими бартари ин руйдод қарор гирифт.

Бозикунони Эрон бо натиҷаи 18-14 нимаи аввалро ба суди худ ба поён расонданд, дар нимаи дувум низ миллипушони Эрон раванди бартарии худро ҳифз карданд ва дар ниҳоят ин нимаро низ бо натиҷаи мисли нимаи аввал ба поён расонданд.

Дар ниҳоят натиҷаи ин дидор 2 бар 0 ба суди тими миллӣ гандболи соҳилӣ навҷавонони Эрон ба поён расид то миллипушон Эрон бо касби ду пирӯзи ва як шикаст ба унвони тими дувуми гуруҳи худ роҳи марҳалаи як чоруми ниҳоӣ рақобатҳои қаҳрамонии ҷаҳон шаванд.

Тими гандболи соҳилӣ навҷавонони Эрон дар дидори нахусти хусти марҳалаи дувуми рақобатҳои гандболи соҳилӣ қаҳрамонии ҷавонони ҷаҳон муқобили Хорватистон бо натиҷаи 2 бар 1 шикаст хурданд.

Гандболистҳои Эрон дар дувумин дидори худ дар марҳалаи дувуми рақобатҳои қаҳрамонии ҷаҳон мувафақ  шуданд бо ироаи як намоиши зебо бо натиҷаи 2 бар 0 муқобили Фаронса ба пирӯзи даст ёбанд.

 

Барчасп