Як шаҳрванди чинӣ дар ҷануби Эрон мусулмон шуд
Як табааи чинӣ бо адои шаҳодатайн дар Идораи таблиғоти исломии шаҳристони Қишм, устони Ҳурмузгон, ҷануби Эрон мусулмон шуд.
Ҳуҷҷатулислом Аҳмади Ғуломӣ, раиси Идораи таблиғоти исломии Қишм гуфт: Ин фарди чинӣ, ки пеш аз ин Шиён Ҷон ном дошт, пас аз ташарруф ба Ислом номи Муҳаммадро барои худ баргузид.
Раиси Идораи таблиғоти исломии Қишм афзуд: Ин табааи Чин Эронро кишваре мутамаддину Исломро дини ростину одилона тавсиф кард.
Ба гуфта ҳуҷҷатулислом Ғуломӣ, мутолеа перомуни Ислом, ҳузур дар маросими Муҳаррам ва мушоҳидаи ахлоқи некӯи мусулмонон аз муҳимтарин далоили мусулмон шудани ин ҷавони чинӣ аст.
Раиси Идораи таблиғоти исломии Қишм тасреҳ кард, муаррифии дурусти мабонии дини мубини Ислом ба соири мардуми ҷаҳон аз вазоифи ҳар як мусулмон барои ҷилавгирӣ аз ҳаҷмаҳои душманон барои сиёҳнмоӣ аст.