Июн 21, 2022 11:07 Asia/Dushanbe
  • Гоми баланди Теҳрон - Бокӯ барои таъмиқи равобити фарҳангӣ

Вазирони фарҳангии Ҷумҳурии Исломии Эрону Ҷумҳурии Озарбойҷон дар дидоре дуҷониба дар Теҳрон бар тавсеаи равобиту таомулоти фарҳангӣ, ҳунарӣ ва низ ҳамкориҳои дуҷониба таъкид карданд.

Муҳаммадмаҳдии Исмоилӣ, вазири фарҳангу иршоди исломии Ҷумҳурии исломии Эрон душанбешаб дар нишасти хабарии муштарак бо Онор Каримов, вазири фарҳанги Ҷумҳурии Озарбойҷон бо хайрмақдам ба вазири фарҳанги Озарбойҷон ва ҳайати ҳамроҳ, ба равобити таърихӣ, тамаддунӣ ва фарҳангии ду кишвару фаъолиятҳои муштарак ишора кард ва гуфт, равобити ду кишвар фаротар аз дӯстӣ ва ҳамсоягӣ буда ва ҷанбаи хешовандӣ ба худ гирифтааст.

Исмоилӣ дар идома бо ишора ба муштаракоти фарҳангӣ ва вуҷӯди машоҳири муштарак байни ду кишвар ибрози умедворӣ кард, ин сафар ва дидор бо ҳамтои озарии вай, битавонад заминаи эҷоди гомҳои баланди муштараки ду кишварро фароҳам кунад.

Вазири фарҳанги Озарбойҷон низ дар ин нишасти хабарӣ зимни қадрдонӣ аз меҳмоннавозии Ҷумҳурии Исломии Эрон ба равобити фарҳангии ду кишвар ишора кард ва гуфт, Бокӯ низ муътақид аст, равобити ду кишвар фаротар аз дӯстӣ аст ва метавонад беш аз ин ҳам густариш ёбад.

Вай ҳадаф аз сафараш ба Эронро дар канори ҳамкориҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ; густариши ҳамкориҳои фарҳангӣ унвон карду афзуд, зарфиятҳои бисёре дар ду кишвар вуҷӯд дорад, ки метавонад заминасози тавсеаи равобити фарҳангӣ шавад.

 

Барчасп