Июн 21, 2022 13:52 Asia/Dushanbe
  • Пазироии Эрон аз 45 дарсади муҳоҷирони афғон дар ҷаҳон

Ҳудӯди 45 дарсад аз кулли муҳоҷирони афғонистонӣ дар Эрон зиндагӣ мекунанд.

Абдулмуталиб Ҳаққонӣ, сухангӯи вазорати умӯри муҳоҷирони ҳукӯмати Толибон дирӯз (душанбе) ба муносибати 20 июн Рӯзи ҷаҳонии паноҳҷӯён дар гуфтугу бо хабарнигори Эронпресс дар Кобул тасреҳ кард, Афғонистон тақрибан 7миллион муҳоҷир дорад, ки 3 миллионнафари онҳо меҳмони Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳастанд.

Ҳаққонӣ афзуд, аз маҷмӯи ҳудӯди 7 миллион муҳоҷири афғон се миллион дар Эрон, се миллион дар Покистон ва як миллион нафари боқимонда дар соири манотиқи ҷаҳон зиндагӣ мекунанд.

Вай изҳор кард, пас аз рӯи кор омадани давлати Толибон, 700 ҳазор нафар аз муҳоҷирон ба Афғонистон баргаштанд ва ин омор дар ҳоли афзоиш аст.

Дар ҳамин ҳол Билол Каримӣ, муовини сухангӯи давлати Толибон дар Афғонистон дар гуфтугу бо хабарнигори Эронпресс дар Кобул дар бораи таваҷҷуҳи ҷомеъаи ҷаҳонӣ ба Афғонистон ва рафъи ниёзҳои фаврии мардуми ин кишвар таъкид кард, ҳамаи кишварҳо аз нигоҳи инсонӣ бояд ниёзҳои мардуми Афғонистонро дар назар бигиранду кумакҳои башардӯстонаи худро дар бахшҳои мухталиф барои афғонҳо ирсол кунанд.

 

Барчасп