Судури хадамоти фаннӣ- муҳандисӣ; модели тиҷорати Эрон бо Африқо
(last modified Tue, 21 Jun 2022 09:34:27 GMT )
Июн 21, 2022 14:34 Asia/Dushanbe
  • Судури хадамоти фаннӣ- муҳандисӣ; модели тиҷорати Эрон бо Африқо

Мудири кулли Африқои Созмони тавсеаи тиҷорати Эрон, судӯри хадамоти фаннии муҳандисиро модели тиҷорат ва ҳамкории иқтисодии Эрон бо қораи Африқо донист.

Ройзанӣ ва ҳамкориҳои сиёсӣ ва иқтисодии Эрон, бо кишварҳои африқоӣ дар моҳҳои ахир афзоиши чашмгире доштааст.

Эрон бо бисёре аз кишварҳои қораи Африқо, аз ҷумла Нигерия ва Африқои Ҷанубӣ мубодилоти тиҷорӣ ва ҳамкорӣ дар бахшҳои мухталифи иқтисодӣ дорад.

Саидмуҳаммадсодиқи Қаннодзода, мудири кулли Африқои созмони Тавсеаи тиҷорати Эрон, ҳаҷми фурсатҳои иқтисодиро дар Африқо густарда тавсиф кард ва гуфт, Африқо бештарин захоири маъданӣ, захоири хуби нафту газ ва хоки ҳосилхези фаровон дорад.

Вай дар бораи роҳҳои шукӯфо кардани тиҷорат бо Африқо гуфт, эҷоди шинохти дутарфа дар тоҷирон, давлатмардону фаъолони иқтисодӣ, рафту омади ҳайатҳо, иттилоърасонӣ дар хусӯси баргузории намоишгоҳҳо ва тавлиди гузориш, барнома ва мустанад дар бораи ин қора роҳҳои иртиқои ин шинохт аст.

Қаннодзода ҳамчунин гуфт, ҳаҷми табодулоти тиҷории қораи Африқо бо дунё болиғ бар 1100 миллиард доллар аст, ин дар ҳоле аст, ки тиҷорати Эрон бо ин қора дар соли 1400 бо вуҷӯди ҷаҳиши бисёр хуб нисбат ба соли 1399, ба як миллиарду 200 миллион доллар расида, ки бисёр ночиз аст.