Июн 22, 2022 09:33 Asia/Dushanbe
  • Гузориши СММ алайҳи Эрон сиёсӣ ва ғайримунсифона аст

Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон қатъномаи ахири Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар бораи вазъияти ҳуқуқи башари Эронро асосёфта бар ангезаҳои сиёсӣ, муғризона ва ғайримунсифона донист.

Саиди Хатибзода дар хусуси қатъномаи ахири Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид ва гузориши муваққати дабири кулли СММ аз вазъияти ҳуқуқи башари Ҷумҳурии исломии Эрон гуфт, ҳамон тавр, ки борҳо таъкид шуда, чунин қатъномаҳое мубтанӣ бар ангезаҳои сиёсӣ, муғризонаву ғайримунсифона содир шуда ва бар мабнои рӯйкарди иртиқоии ҳуқуқи башар, ки аз вазоифи умдаи ниҳодҳои байналмилалии ҳуқуқи башарӣ маҳсуб мешавад, тадвин наёфта, зимни ин ки аз иҷмои кишварҳои узв низ бархӯрдор набудааст.

Вай афзуд: Ҷумҳурии исломии Эрон назароту истидлолҳои мабсуту мустадали худ нисбат ба якояки бандҳо ва иддаоҳои гузориши дабири кулли СММ –ро ба дафтари вай ирсол кард, ки муттаассифона мавридм бетаваҷҷӯҳии маънодор қарор гирифт.

Хатибзода таъкид кард, муттаассифона гузорише, ки ба номи дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид интишор ёфта, мубтанӣ бар иддаоҳои нодурусту мустанад ба манобеи номуътабар аст ва ба ин далел матни аслии гузориш умдатан бар асоси муҳтавои иддаоҳову иттиҳомоти гуруҳҳои душману фирқаҳои террористӣ танзим шудаву посухи машруҳи Ҷумҳурии исломии Эрон ба ин гузориш дар Шӯрои ҳуқуқи башар дар ихтиёри ҳамаи кишварҳо қарор дода хоҳад шуд.

Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон афзуд: Ҷумҳурии исломии Эрон таомули мусбате бо дафтари Комиссари олии ҳуқуқи башар ва созукорҳои ҳуқуқи башарии СММ дорад, ки муттаассифона ин таомули мусбату пешрафтҳои ҳуқуқи башарии кишварамон инъикоси муносибе дар гузориши дабири кул надоштааст, аммо бо вуҷуди ин маворид, Ҷумҳурии исломии Эрон бар асоси бовари шаръӣ ва тааҳҳудоти қонунии худ ҳамчунон худро мукаллаф ба тарвиҷу иртиқои ҳуқуқи башар дониставу омодаи ҳамкорӣ ва таомул бо созукорҳои ҳуқуқи башарии Созмони Милал аст.