Таслияти солрӯзи шаҳодати имом Ризо (а), имоми ҳаштуми шиаён
Эрони исломӣ дар шаби шаҳодати ҳазрати имом Ризо (а), имоми ҳаштуми шиаёни ҷаҳон ғарқ дар андуҳу мотам аст.
Фардо (ҷаҳоршанбе) 30-и Сафари соли 1438-и ҳиҷрии қамарӣ баробар бо 30-и ноябри 2016, солрӯзи шаҳодати ҳазрати имом Ризо (а), имоми ҳаштуми шиаёни ҷаҳон аст.
Ҳазрати имом Ризо (а) дар шаҳри Мадина мутаваллид шуданд ва дар поёни моҳи Сафари соли 203-и ҳиҷрии қамарӣ ба шаҳодат расиданд. Даврон ҳаёт ва имомати ҳазрати имом Ризо (а), даврони авҷгирии гароиши мардум ба аҳли байти исмату таҳорат (а) ва даврони густариши пойгоҳҳои мардумии хондони аҳли байти исмату таҳорат (а) аст. Бо авҷгирии тамоюлоти мардум ба имоми ҳаштуми шиаёни ҷаҳон (а), Маъмун, халифаи Аббосӣ бо дасисачинӣ, эшонро масмум ва шаҳид карданд. Дар шабу рӯзи солрӯзи шаҳодати ҳазрати имом ризо (а), ошиқону пайравони аҳли байти исмату таҳорат (а) дар саросари Эрони исломӣ ба вижа дар шаҳри Машҳади муқаддас, шимоли шарқи Эрон азодорӣ мекунанд.
Ҳарами мутаҳҳари ҳазрати имом Ризо (а) дар Машҳад имшабу фардо мизбони азодорони эронӣ ва дигар азодорон аз кишварҳои ҳамсоя ба вижа Афғонистон ва Покистон аст.
Радиои тоҷикӣ, фаро рсидани солрӯзи шаҳодати ҳазрати имом ризо (а), имоми ҳаштуми шиаёни ҷаҳонро ба ҳамаи мусалмонон ва дигар озодихоҳони ҷаҳон таслият мегӯяд.