Июн 23, 2022 18:46 Asia/Dushanbe
  • Муҳаммади Козимӣ-раиси созмони иттилооти Сипоҳ шуд

Бо ҳукми фармондеҳи кулли Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ Муҳаммади Козимӣ ба мақоми раиси созмони иттилооти Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ мансуб шуд .

Ба гузориши хабаргузории Эронпресс, Рамазони Шариф-сухангӯ ва масъӯли равобити умумии кулли Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ рӯзи панҷшанбе эълом кард : Бо ҳукми сардори сарлашкари посдор Ҳусайни Саломӣ-фармондеҳи кулли Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ, Муҳаммади Козимӣ ба самти раиси созмони иттилооти сипоҳ мансуб шуд .
Ҳуҷҷатилисломи валмуслимин Ҳусайни Тоиб-раиси пешини созмони иттилооти сипоҳ низ бо ҳукми сарлашкар Ҳусайни Саломӣ ба симати « мушовири фармондеҳи кулли сипоҳ » мансуб шуд .
Сардор Шариф ҳамчунин ёдовар шуд : Сардор Муҳаммади Козимӣ-раиси ҷадиди созмони иттилооти сипоҳ солҳо ӯҳдадори масъӯлияти « раёсати созмони ҳифозати иттилооти Сипоҳ » буд ва таҷориби фаровоне дар умӯри ҳифозатӣ, амниятӣ ва иттилоотӣ дорад .
Сухангӯи сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон хотирнишон кард : Ҳуҷҷатилисломи валмуслимин Тоиб илова бар солҳо нақшофариниҳои муассиру арзишманд дар созмони иттилоот ва муовинати фарҳангӣ-иҷтимои Сипоҳ, раёсати созмони Басиҷи мустазъафинро низ дар корномаи худ дорад .

 

Барчасп