Пирузии тими миллии валиболи Эрон муқобили Канада дар лиги миллатҳо
-
Пирузии тими миллии валиболи Эрон муқобили Канада дар лиги миллатҳо
Тими миллии валиболи Эрон дар охирин дидори худ аз ҳафтаи дувуми лиги миллатҳо дар се сети пай дар пай Канадаро шикаст дод.
Тими миллии валиболи Эрон имрӯз шанбе дар охирин дидори худ аз ҳафтаи дувуми рақобатҳои лиги миллатҳо ба масофи Канада рафт ва бо ҳисоби 3 бар сифр пируз шуд.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон милипушони валибол дар сети аввал бо натиҷаи 25 бар 21, сети дувум 27 бар 25 ва сети севум бо натиҷаи 25 бар 18 муқобили Канада ба бартари расиданд.
Тими миллии валиболи Эрон ҳафтаи дувуми лиги миллатҳоро бо шикаст муқобили Булғористон ва Бразиля ва пирӯзи баробари Амрико ва Канада ба поён расонд.
Тими миллии валиболи Эрон бо 12 имтиёз дар рутбаи ҳаштуми лиги миллатҳо қарор дорад.