Июн 25, 2022 21:12 Asia/Dushanbe
  • Амир Абдуллоҳиён: Эрон дунболи равобити мутавозин бо ҷаҳон аст
    Амир Абдуллоҳиён: Эрон дунболи равобити мутавозин бо ҷаҳон аст

Вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон дар конфронси матбуъотии муштарак бо масъули сиёсати хориҷаии Иттиҳодияи Аврупо таъкид кард: Эрон дунболи равобити мутавозин бо ҷаҳон ва ҳифзу густариши равобит бо қораи Аврупо аст.

Вазири умури хориҷаи Эрон ва Ҷозеп Боррел, масъули сиёсти хориҷии Иттиҳодияи Аврупо дар Теҳрон дар конфронси матбуъотии муштарак ширкат карданд.

Ҳусей Амир Абдуллоҳиён, вазири умури хориҷаи Эрон имрӯз шанбе дар конфронси матбуъотии муштарак бо Ҷозеб Боррел гуфт: Гуфтугӯҳои тулонӣ аммо мусбат дар бораи ҳамкориҳои Эрон ва Иттиҳодияи Аврупо сурат гирифт.

Амри Абдуллоҳиён афзуд: Эрон дунболи равобити мутавозин бо ҷаҳон аст ва ҳифзу густариши равобит бо қораи Аврупо аз авлавиятҳои Ҷумҳурии Исломии Эрон аст.

Вазири умури хориҷаи Эрон ҳамчунин гуфт: Сатҳи равобит ба вижа муносибатҳои тиҷорати байни Эрон ва кишварҳои аврупоӣ муносиб нест ва умедворем дар идомаи гуфтугӯҳо ва тавофуқҳои имрӯз пешрафт ёбад.

Амир Абдуллоҳиён хотирнишон кард: Нафъи комили иқтисодии Эрон аз мавзуъоти муҳим аст ва талош мекунем дар масири гуфтугӯҳо ба зуди аз сар гирифта мешавад ва монеъзудоӣ кунем.

Вазири умури хориҷаи Эрон таъкид кард: Умедворем тарафи амрикоӣ воқеъбинона иқдомоти мутаъаҳидона анҷом диҳад.

Амир Абдуллоҳиён таъкид кард: Дар бораи Украина, Эрон ҷангро роҳи ҳал намедонад.

Масъули сиёсати хориҷаии Иттиҳодияи Аврупо низ дар ин конфронси матбуъотии муштарак гуфт: Расидан ба тавофуқ бо Эрон барои ҷаҳон муҳим аст.

Буррел афзуд: Эрон бузургтарин кишвар дар минатақа аст ва имконоти зиёди дар ҳавзаи энергетика дорад.

Масъули сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо таъкид кард: Бояд БарҶомро дубора ба ҷараён бияндозем таҳримҳои Амрико зидди Эрон бардошта шавад ва Эрон нафъи иқтисодӣ бибарад.

Ба гуфтаи Буррел: Қарор шуд музокироте, ки ҳудуди се моҳ аст мутаваққиф шуда аст дубора аз сар гирифта шавад.

 

Барчасп