Июн 26, 2022 08:04 Asia/Dushanbe
  • Эрон аз оташбас дар Яман ҳимоят мекунад

Раиси Ҷумҳурии исломии Эрон дар тамоси телефонӣ бо раиси Шӯрои олии сиёсии Яман таъкид кард : Эрон аз оташбас дар Яман ҳимоят мекунад .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз пойгоҳи иттилоърасонии раёсати ҷумҳурӣ, Сайид Иброҳими Раисӣ дар посух ба тамоси телефонии Маҳдӣ Алмашот-раиси Шӯрои олии сиёсии Яман бо ситоиши истодагӣ ва муқовимати силаҳшӯронаи мардуми ин кишвар гуфт : Ҷумҳурии исломии Эрони зимни таъкид бар лузӯми ҳифзи тамомияти арзӣ ва ҳокимияти миллии Яман  аз оташбасе, ки мунҷар ба сулҳи комилу рафъи воқеии муҳосираи иқтисодии золимонаи зидди ин миллат шавад, ҳимоят мекунад .
Раисӣ афзуд : Эрон омодаи ирсоли кумакҳои башардӯстона ва ба вижаи воксани корона барои мардуми Яман аст .
Маҳдӣ Алмашот-раиси Шӯрои олии сиёсии Яман низ дар ин гуфтугӯи телефонӣ аз ҳимоятҳои Ҷумҳурии исломии Эрон дар маҷомеъи байналмиллалӣ аз миллати мазлуми Яман ва расондани садои онон ба ҷаҳониён қадрдонӣ кард ва хостори густариши рӯзафзуни муносиботу ҳамкориҳо бо Эрон шуд .

 

Барчасп