Эрон мизи музокираро тарк нахоҳад кард
Раиси Ҷумҳурии исломӣ Эрон гуфт : Эрон мизи музокироти лағви таҳримҳоро тарк намекунад .
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон,Сайид Иброҳими Раисӣ дар шашумин гуфтугӯи телевизиюнии худ бо мардум пас аз раёсат бар қувваи муҷрияи Эрон дар бора сафари масъӯли сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо ба Теҳрон бо баёни инки Эрон қасди таътилии музокираро надорад, аммо аз мавозеъи худ ақибнишинӣ намекунад, гуфт : Сиёсати мо рафъи таҳримҳост ва ин таҳримҳо сареътар бояд рафъ шавад, зеро золимона аст .
Раиси Ҷумҳурии исломии Эрон бо таъкид бар инки тарафи муқобил бояд ба таъаҳҳудоти худ бозгардад, афзуд : Илова бар масири музокирот масири беасарсозии таҳримҳоро низ дунбол мекунем.
Раисӣ қатънома алайҳи Эрон дар Шӯрои мудирон ва дар ҷараёни музокироти лағви таҳримҳоро иқдоми нодуруст хонд ва гуфт : Ожонси байналмиллалии энержии атомӣ понздаҳ бор таъйид карда буд, ки инҳирофӣ дар фаъолияти ҳастаии Эрон вуҷуд надорад .
Раиси Ҷумҳурии исломии Эрон дар идомаи ин гуфтугу дар бораи таъомули Эрон бо ҳамсоягон гуфт : Сиёсати таъомул бо ҳамсоягон авлавияти мост ; бо 18 кишвар қарордод дорем, ки 5.2 миллиард доллар хадамоти фаннӣ ва муҳандисӣ ба онҳо содир кунем .
Раисӣ бо эъломи инки Эрон дар се моҳи гузашта 20 дарсади рушди тиҷорӣ бо ҳамсоягон доштааст, тасреҳ кард : Содироти нафтӣ алорағми таҳримҳо дар шароити хубе аст .
Раиси Ҷумҳурии исломии Эрон дар бораи даромадҳои нафтии давлати Эрон низ гуфт : Дар ҳоли ҳозир вазъияти фурӯши нафт муносиб аст ва барои бозгардондани арзи ҳосил аз содироти нафтӣ ва ғайринафтӣ талош мекунем .
Раисӣ гуфт : Боби сармоягузорӣ дар кишвар боз аст ва аз 5 то 20 миллиард доллар барои сармоягузорӣ тафоҳум шудааст .