Тақвияти равобити ҳамлу нақли Эрон ва Тоҷикистон
(last modified Sun, 26 Jun 2022 11:52:38 GMT )
Июн 26, 2022 16:52 Asia/Dushanbe
  • Тақвияти равобити ҳамлу нақли Эрон ва Тоҷикистон
    Тақвияти равобити ҳамлу нақли Эрон ва Тоҷикистон

Мудири кулли дафтари тиҷорисози ва умури созмонҳои Вазорати роҳу шаҳрсозии Эрон таъкид кард: Теҳрон ва Душанбе барои эҷоди кумитаи муштараки ҳамлу нақл ба манзури мурури ҳамаи ҳавзаҳои ҳамлу нақл бартараф кардани монъеҳо ва тақвияти ҳамкориҳо ба тафоҳум расиданд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз пойгоҳи хабарии Вазорати роҳу шаҳрсозӣ, Амини Тарфаъ гуфт: Эрон ва Тоҷикистон узви мувофиқатномаҳои ҳамлу нақли мухталиф аз ҷумла каридори шимол-ҷануб, каридори ҳамлу нақли ЭКО ва Тросико буда ва дар заминаи иртибототи ҳамлу нақли мувофиқатномаҳои зиёди миёни ду кишвар имзо шуда аст.

Тарфаъ афуз: Тиҷорати ду кишвари Эрон ва Тоҷикистон дар соли 1400 ҳудуди 45 дарсад рушд ёфта аст, аммо ҳамчунон зафрияти ду кившар барои тиҷорати бештар аз ин рақамҳо аст.

Ба гуфтаи Тарфаъ: Колоҳои содиротии Тоҷикистон ва Эрон маҳсулоти кишоварзӣ, хушкбор, масолеҳи сохтмонӣ, маҳсулоти нефту кимё, ширинӣ ва шоколот, маҳсулоти саноатӣ, лавозими электроникӣ ва лавозими хонагӣ аст ва зиёди коллоҳи воридоти низ пахта ва пилаи абрешим аст.

Мудири кулли дафтари тиҷорисозӣ ва умури созмонҳои Вазорати роҳу шаҳрсозӣ ҳамчунин гуфт: Зерсохтҳои ҳамлу нақлии Эрон фурсати муносиби барои афзоиши транзити байналмиллалии Тоҷикистон аст, ки метавонад барои ҳамли бор ба Туркия ва Аврупо аз масири Эрон истифода кунад.