Вокуниши Кохи Сафед ба партоби таҳқиқоти моҳворабари Зулҷаноҳ
(last modified Mon, 27 Jun 2022 07:41:04 GMT )
Июн 27, 2022 12:41 Asia/Dushanbe
  • Кохи Сафед эълом кард, ки аз озмоиши рӯзи якшанбе огоҳ будааст
    Кохи Сафед эълом кард, ки аз озмоиши рӯзи якшанбе огоҳ будааст

Кохи Сафед ба иқдоми Эрон дар партоби моҳворабари Зулҷаноҳ вокуниш нишон дод ва аз он ибрози нигарони кард.

Дуввумин партоби моҳворабари Зулҷаноҳ ба манзури аҳдофи таҳқиқотии аз пеш таъин шуда, рӯзи якшанбе анҷом шуд.

Сайид Аҳмади Ҳусайнӣ сухангӯи гурӯҳи фазоии Вазорати дифоъ дар ин замина гуфт: Ин моҳворабари се марҳилаӣ аз назари вижагҳои фаннӣ, қобили рақобат бо моҳворабарҳои рӯзи дунё аст, ки дорои ду марҳила  пешрониши ҷомид ва як марҳилаи пешрониши мойеъ аст.

Вай бо баёни ин, ки партоби моҳворабари Зулҷаноҳ бо ҳадафи зермадорӣ анҷом гирифтаааст, тасреҳ кард: Ба ҳавлу қувваи Иллоҳи марҳилаи саввуми тавсиаи ин моҳворабар таркибе бо баҳрагири аз иттилооти ҳосил аз ин партоб оғоз гардидаст.

Ба гузориши Садои Хуросон Кохи Сафед  ба партоби муваффақи дуввумин партоби моҳворабари таҳқиқотии Эрон, ки Зулҷаноҳ ном дорад вокуниш нишон дод.

Кохи Сафед эълом кард, ки аз озмоиши рӯзи якшанбе огоҳ будааст.

Сухангӯи Кохи Сафед бо интиқод аз партоби моҳворабари Зулҷаноҳ муддаӣ шуд, ки ин иқдом ғайри муфид ва бесубот кунандааст.

Кохи сафед ҳачунин эълом кард, ки мутаъаҳид ба истифода аз таҳримҳо ва соири иқдомот барои ҷилавгирӣ аз пешрафти бештари Эрон дар барномаи мушакии болестики аст.

Нед Прайс сухангӯи вазорати умури хориҷаи Амрико чанде қабл низ дар вокуниш ба омодагии Эрон барои партоби ин моҳворабар гуфта буд, ки Иёлоти Муттаҳида аз Эрон мехоҳад то таниш зудоӣ кунад.

 Моҳворабари Зулҷаноҳ дар моҳи феврали 2021 барои нахустин бор бо ҳадафи дастёбӣ ба фанноварии қудратмандтарин мутури сухти ҷомид дар кишвар мавриди тест ва арзёбӣ қарор гирифт.