Қадрдонии Созмони Миллал аз талошҳои мусбати Ҷумҳӯрии Исломи Эрон дар мавзӯъи паноҳандагон
Раиси дафтари намояндагии Комиссари Олии Созмони Миллали Муттаҳид дар умури паноҳандагон дар Машҳад, шимолу шарқи Эрон рӯзи якшанбе аз талошҳои мусбати Ҷумҳӯрии Исломии Эрон дар мавзӯъи паноҳандагон қадрдони кард.
Ба гузориши Садои Хуросон "Моҳо Кошур" дар оини гушоиши намоишгоҳи дастовардҳои паноҳандагони афғонистонӣ, ки ҳамзамон бо "Рӯзи ҷаҳонии паноҳанда" дар Машҳад баргузор шуд, хотирнишон кард, талошҳо ва фахолияти Ҷумҳӯрии Исломи Эрон дар 40 соли гузашта дар умури паноҳандагон сутудани аст ва дар як соли гузашта ва пас аз эҷоди шароити хос дар Афғонистон ба авҷи худ расидааст.
Муовини идораи кулли атбои устони Хуросони Разавии Эрон низ дар ин оин гуфт: Тибқи тавофуқоти байналмиллалӣ кишвари Эрон ҳаққ дорад монеъи фаъолиятҳои ташакукулҳои атбоъ бошад аммо давлати Ҷумҳӯрии Исломӣ натанҳо бо ин мавзӯъ мухолифате надорад балки дар шароити кунӯни мувофиқи афзоиши онҳо ҳам аст.
Ҳусайни Аҳмадӣ бо баёни инки атбоъи кишвари Афғонистон, дӯст ва бародари эрониён ҳастанд афзӯд, Ҷумҳӯрии Исломии Эрон талош мекунад хадамоти шоистае ба муҳоҷирони афғон ироа кунад аз ин рӯ тақозо дорем атбоъи ҷадидалвурӯд ба кишвари Эрон, дар сомонаи таъин шуда мушахасоти худро сабт кунанд.
Таи 20 рӯзи гузашта ҳудӯди 550 асар аз 200 ҳунарманди афғонистонӣ ба ситоди ҳамоиши Рӯзи ҷаҳонии паноҳандагон расид, ки аз ин теъдод, 200 асари баргузидаи 80 ҳунарманд дар 13 ғурфа ба намоиш гузошата шудааст. Ин намоишгоҳ ба муддати 5 шаб баргузор хоҳад шуд.