Июн 28, 2022 10:44 Asia/Dushanbe
  • Паймони Ҷабаллӣ раиси Садо ва Симои Ҷумҳӯрии Исломии Эрон
    Паймони Ҷабаллӣ раиси Садо ва Симои Ҷумҳӯрии Исломии Эрон

Раиси Садо ва Симои Ҷумҳӯрии Исломии Эрон, оддисози бо режими саҳунистиро фоқиди эътибор ва ҷойгоҳ дар ҷаҳон донист.

То кунӯн бо фишорҳои  Доналт Трамп раиси Ҷумҳӯри пешини Амрико барои оддисози равобит режимҳои арабӣ бо режими саҳюнистӣ, чаҳор кишвари Иморот, Баҳрайн, Судон ва Муғриб расман бо Исроил бар оддисозии комили равобити дипламатик ба тавофуқ расидааст.

Ба гузориши Садои Хуросон Паймони Ҷабаллӣ раиси Садо ва Симои Ҷумҳӯрии Исломии Эрон рӯзи душанбе дар ҳошияи нишасти нухбагони ҷомеъаи фарҳангии Сурия бо унвони " Бо ҳам дар баробари оддисози бо режими саҳюнистӣ меистем" гуфт:  Дар ҳар ҷои дунё, замоне, ки садои воқеъии мардуми шунида шавад, мухолифати қатъии онҳоро бо оддисозии  равобит бо як режими кудак куш, мутаҷовиз, ишғолгар ба дунбол хоҳад дошт.

Раиси Садо ва Симои Ҷумҳӯрии Исломии Эрон бо ишора ба инки ҳеҷ фитрати поке аз ишғолгарӣ ва кудак куши ва таҷовуз ҳимоят намекунад, Тасреҳ кард: Ҳарактҳои намоишии баъзе кишварҳо барои оддисозии  равобит бо режими саҳюнистӣ ҳеҷ таъсире дар фаҳм ва дарки мардум аз хӯи таҷовузгарӣ, саффокӣ ва ишғолгарии режими саҳюнистӣ надошта ва нахоҳад дошт, масъалае, ки дар ин нишаст аз нухбагони сурӣ шунида шуд.

Ҷабаллӣ ҳачунин тасреҳ кард: Расонаҳо нақши муҳиме дар огоҳии афкори умуми аз хатарҳои ношӣ аз оддисозии равобити режими саҳюнистӣ бар душ мекашанд, ва лизо бояд бо тавлиди муҳтаво ва тавлиди сериалҳо ва филмҳои ҳадафманди афкори ҷомеъаро нисбат ба ин хатари бузург ҳифз бисозанд.

Раиси Садо ва Симои Ҷумҳӯрии Исломии Эрон хотирнишон кард:  Мо дар меҳвари мақомот аз Эрон то Ироқ ва Сурия ва Лубнон ва Фаластину Яман яқин дорем, ки муборизон ба натиҷа хоҳанд расид, пирӯзӣ аз они мост ва ҳамонтавре, ки Раҳбари муаззами Инқилоби Исломии Эрон ваъда додаанд, режими саффоки саҳюнистӣ аз байн хоҳад рафт.

Бештар бихонед:

Барчасп