Июн 28, 2022 11:46 Asia/Dushanbe
  • Раиси Ҷумҳӯри Эрон 19-уми январ ва дар сафар ба Маскав дар кохи Кремел бо Владимир Путин дидор карда буд
    Раиси Ҷумҳӯри Эрон 19-уми январ ва дар сафар ба Маскав дар кохи Кремел бо Владимир Путин дидор карда буд

Владимир Путин раиси Ҷумҳӯри Русия ва Оятуллоҳ Сайид Иброҳоми Раисӣ, раиси Ҷумҳӯри Исломии Эрон чаҳоршанбеи оянда ва дар ҳошияи иҷлоси сарони кишварҳои ҳошияи соҳилии дарёи Хазар дар Ишқободи Туркманистон бо якдигар дидор хоҳанд кард.

Ба гузориши Садои Хуросон ба нақл аз Ирвон, Юрий Ушаков мушовири давлати Русия эълом кард, ки раиси Ҷумҳӯри Русия дар шашумин иҷлоси сарони кишварҳои соҳили дарёи Хазар дар Туркманистон ширкат карда ва дар ҳошияи он ба таври ҷудогона бо Оятуллоҳ Сайид Иброҳими Раисӣ ва Илҳом Алиев руасои Ҷумҳӯриҳои Эрон ва Озарбойҷон дидор мекунад.

Раиси Ҷумҳӯри Эрон 19-уми январ ва дар сафар ба Маскав дар кохи Кремел бо Владимир Путин дидор карда буд ва ин дидор дуввумин дидори руасои Ҷумҳӯриҳои дукишвар маҳсуб мешавад.

Оятуллоҳ Сайид Иброҳим Раисӣ чаҳоршанбеи ҳафтаи ҷорӣ дар раъси ҳайати олии рутба аз мақомҳои сиёсӣ ва иқтисодии Эрон барои ширкат дар шашҳумин Иҷлоси сарони кишварҳои ҳошияии Хазар ба Туркманистон сафар мекунад.

Раси Ҷумҳӯри Эрон дар ин сафар илова бар ширкат ва суханронӣ дар Иҷлоси сарони ҳишияи Хазар, бо руасои ҷумҳӯри кишварҳои ҳозир дар Иҷлос низ дидор ва гуфтугӯ хоҳад дошт.

Шашумин Иҷлоси кишварҳои ҳошияии Хазар 29-уми июн дар  Ишқобод пойтахти Тукрманистон, бо ҳузури руасои ҷумҳӯри панҷ кишвари ҳошияи  ин дарё баргузор мешавад.

Баррасии наҳваи ҳамкориҳо пиромуни мавзӯъоти дарёи Хазар ва омодасозии муқаддимотии ҳузӯри руасои  кишварҳо муҳимтарин  дастури кори Шӯрои вазирони хориҷаи Ишқобод аст, ки пеш аз баргузории нишасти аслиии ҷаласоте баргузор мекунад.

 

 

Барчасп