Зарурати посухгӯии ҳомиёни террористҳои истифодакунанда аз силоҳи кимиёӣ
(last modified Wed, 30 Nov 2016 12:44:29 GMT )
Ноябр 30, 2016 17:44 Asia/Dushanbe
  • Зарурати посухгӯии ҳомиёни террористҳои истифодакунанда аз силоҳи кимиёӣ

Намояндаи Эрон дар Созмони манъи силоҳҳои кимиёӣ, гуфт: Кишварҳои ҳомии гурӯҳҳои террористии истифодакунанда аз силоҳҳои кимиёӣ бояд посухгӯ бошанд.

Бистуякумин конфронси солонаи кишварҳои узви конвенсияи силоҳҳои кимиёӣ бо ҳузури мудири кулли Созмони манъи силоҳҳои кимиёӣ, намояндагони олирутбаи кишварҳои узв ва созмонҳои ғайридавлатӣ дар Гаагаи Нидерланд оғоз ба кор кардааст.

  Алиризо Ҷаҳонгирӣ - намояндаи Эрон назди Созмони манъи силоҳҳои кимиёӣ дар Гаага рӯзи сешанбе дар ин нишаст, аз гузоришҳои мунташиршуда мабнӣ бар истифода аз силоҳҳои кимиёӣ тавассути гурӯҳҳои террористӣ дар Ироқ ва Сурия, аз ҷумла ДИИШ ва ҷабҳаи ан-Нусра (Фатҳу-ш-Шом) интиқод кард.

Ҷаҳонгирӣ тасреҳ кард: Кишварҳои ҳомии ин гурӯҳҳои террористӣ, ки дастрасии онҳоро ба силоҳҳои кимиёӣ барои истифода аз онон зидди мардуми бегуноҳ фароҳам кардаанд, бояд дар баробари иқдомоти худ посухгӯ бошанд.

Намояндаи Эрон назди Созмони манъи силоҳҳои кимиёӣ ҳамчунин бо ишора ба вуҷуди сад ҳазор ҷонбоз ва масдуми кимиёӣ дар Эрон изҳор кард: Ҷумҳурии Исломии Эрон барои конвенсиия силоҳҳои кимиёӣ ва иҷрои комили муқаррароти он аҳамияти вижа қоил будааст.

 Ҷаҳонгирӣ тасреҳ кард: Тааҳҳуди Эрон ба ин конвенсия ва ҳамкорӣ бо Созмони манъи силоҳҳои кимиёӣ фаротар аз тааҳҳудоти ҳуқуқӣ аст ва сарчашмагирифта аз боварҳои динӣ аст, ки дар фатвои Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ мабнӣ бар мухолифат бо тамоми силоҳҳои куштори ҷамъӣ ҷилвагар шудааст.

Намояндаи Ҷумҳурии Исломии Эрон назди Созмон манъи силоҳҳои кимиёӣ ҳамчунин бар пайвастани фаврӣ ва бидуни шарти режими ишғолгари Қудс ба конвенсияи силоҳҳои кимиёӣ таъкид кард.