Мулоқоти раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон бо раиси Маслиҳати халқи Шӯрои миллии Туркманистон
(last modified Wed, 29 Jun 2022 11:29:05 GMT )
Июн 29, 2022 16:29 Asia/Dushanbe
  • Мулоқоти раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон бо раиси Маслиҳати халқи Шӯрои миллии Туркманистон
    Мулоқоти раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон бо раиси Маслиҳати халқи Шӯрои миллии Туркманистон

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон бо раиси Маслиҳати халқи Шӯрои миллии Туркманистон мулоқот кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Сайид Иброҳими Раисӣ дар ин мулоқот гуфт: Равобити Эрон ва Туркманистон бар пояи ҳамкориҳои густарда ва эътимоди мутақобил ба суръат дар ҳоли густариш аст.

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон бо иошра ба фаро расидани сиюмуин соли барқарории равобити дипломотики байни ду кившар гуфт: Равобити Теҳрон ва Ашқобод бо тадбирҳои хирадмандонаи ҷаноби олӣ дар солҳои гузашта ҳамвора раванди ру ба густариш дошта аст.

Раиси ҷумҳур афзуд: Равобити Теҳрон ва Ашқобод бо тадбирҳои хирадмандона дар солҳои гузашта ҳамвора раванди ру ба густариш дошта аст.

Раисӣ бо баёни ин ки ду кившар зарфиятҳои муносиби барои иртиқои сатҳи ҳамкори бо якдигар доранд, изҳор дошт: Давлати сездаҳум дар асрсаи сиёсати хориҷӣ барномаи махсуси барои тавсеаи равобити ҳамсоягӣ дорад ва равобити Эрон ва Туркманистон дар ҳамин росто бар пояи ҳамкориҳои густарда ва бар асоси эътимоди мутақобил ба суръат дар ҳоли густариш аст.

Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов, раиси Маҷлиси маслиҳати халқи шӯрои миллии Туркманистон низ дар ин дидор бо қадрдонӣ аз талошҳои давлати Эрон дар чанд моҳи гузашта барои таҳким ва густариши равобит бо ин кившар, таъкид кард: Ду кившар дар арсаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва фарҳангӣ аз иштирокот ва зарфиятҳои фаровонӣ бархурдоранд, ки заминаи муносиберо барои афзоиш ва иртиқоӣ ҳарчи бештари сатҳи равобит фароҳам карда аст.

Раиси Маҷлиси маслиҳати халқи шӯрои миллии Туркманистон хотирнишон кард: Туркманистон ба дунболи гушудани саифаи ҷадиде дар равобит бо Ҷумҳурии Исломии Эрон аст.

Сайид Иброҳими Раисӣ ба манзури ширкат дар шашумин иҷлоси сарони кишварҳои соҳилии Хазар ба Туркманистон сафар карда аст, дар аввалин бахш аз барномаҳои худ бо Қурбонқули Бердимуҳаммадов, раиси Маҷлиси маслиҳати халқи шӯрои миллии Туркманистон дидор кард.