Июл 02, 2022 19:46 Asia/Dushanbe
  • Тавлид яке аз меҳварҳои аслии эҷоди қудрат барои Эрон аст
    Тавлид яке аз меҳварҳои аслии эҷоди қудрат барои Эрон аст

Раиси Ҷумҳурии исломии Эрон таъкид кард: Тавлид яке аз меҳварҳои аслии эҷоди қудрат барои Эрон аст.

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон дар маросими рӯзи миллии саноат ва маъдан аз ҳамаи фаъолони арсаи санота ва маъдании Эрон қадрдонӣ кард.

Дар ин маросим ҳамчунин 8 тарҳ дар ҳавзаи саноат, маъдан ва тиҷорат ба арзиши 18 ҳазору 443 миллиор туман ифтитоҳ шуд ва баҳрабардори расид, ки 6 ҳазору 802 фурсати шуғлии пойдор эҷод хоҳанд кард.

Раиси Ҷумҳур ҳамчунин дар маросими рӯзи миллии саноат ва маъдан аз таҳияи пешнависи санади ҷомеъи саноати Эрон аз сӯи давлат пас аз таъкиди Раҳбари муаззамин инқилоби исломӣ хабар дод.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Сайид Иброҳими Раисӣ бо қадрдони аз ҳамаи фаъолони арсаи саноат ва маъдани Эрон гуфт: Далат ба пайрави аз таъкидоти Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ ва заруриятҳои тавсеаи иқтисодии Эрон, ҳимоят аз тавлид, талош барои аз байн бурдани монеъҳои пешравии тавлид ва такъид бар тавсеаи содиротро вазифаи худ медонад.

Раисӣ фаъолони иқтисодӣ ва тавлидкунандагонро афсарони майдони тавлид ва хулқи қудрати миллӣ донист ва афзуд: Душман барои ақиб нигаҳ доштани Эрон вазъ кардани муаллифаҳои эҷоди қудрат, ки тавлид ҷузи муҳимтарини онҳо аст, талош мекунад раванди тавлидро мухтал ва заъиф кунад дар ҳоле, ки давлат дар барбари ин иқдомот аз тавлидкунандагон ва фаъолони иқтисодӣ ба унвони афсарони ин майдон ҳимоят мекунад.

Раиси Ҷумҳур бо таъкид бар зарурияти таваҷҷуҳи бештар ба густариши фаъолиятҳои донишбунён бо ҳадафи эҷоди шуғлҳо ва маҳсулоти донишпоя хотирнишон кард: Тавулиди донишбунён тавоноӣ ва зарфияти ва рақобатпазирии болотари дар бозорҳои ҷаҳонӣ ва дохилӣ доранд.

 

Барчасп