Июл 04, 2022 16:36 Asia/Dushanbe
  • Раисӣ: Эрон ва Литва зарфиятҳои мутанавеъи барои иртиқоъи сатҳи равобит доранд
    Раисӣ: Эрон ва Литва зарфиятҳои мутанавеъи барои иртиқоъи сатҳи равобит доранд

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон гуфт: Эрон ва Литва зарфиятҳои мутанавеъ ва мутаъадиди барои иртиқоъи равобит ва ҳамкориҳои иқтисдоӣ ва тиҷоратӣ бо якдигар доранд.

Ба гузориши пойгоҳи иттилоърасонии раёсати ҷумҳурӣ, Сайид Иброҳими Раисӣ, раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон имрӯз душанбе дар ойини дарёфти устуворномаи Рекордос Дигутис, сафири Литва гуфт: Ду кишвар зарфиятҳои мутанавеъ ва мутаъадид барои иртиқои равобит ва ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷорати бо якдигар доранд.

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон бо таъкид бар лузуми иҷроӣ таъаҳудоти кишварҳои ғарбӣ афзуд: Ҷумҳурии Исломии Эрон тибқи тайиди ҳамаи нозирон ба таъаҳудоти худ дар тавофуқи ҳастаӣ амал карда аст, аммо дар иваз Амрико аз ин тавофуқ хориҷ шуда ва кишварҳои аврупоӣ низ аз амал ба таъаҳудоти худ ваъдахилофи карданд.

Рекордос Дигутис, сафири Лива низ дар ин маросим бо тарҳи дархости густариши равобит ва иртиқои сатҳи ҳамкориҳои иқисодӣ ва тиҷоратии Эрон бо кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупо ва аз ҷумла Литва гуфт: Ба унвони узви аз Иттиҳодияи аврупо таъкид мекунам, ки замина ва фусрати муносиби барои тавсеаи ҳарчи бештари равобит бо Ҷумуҳрии Исломии Эрон вуҷуд дорад.