Кӯдаки эронӣ қавитарин кӯдаки ҷаҳон
(last modified Tue, 05 Jul 2022 03:56:11 GMT )
Июл 05, 2022 08:56 Asia/Dushanbe

Киёни Рашиди кӯдаки 6 солаи эронӣ лақаби қавитарин кӯдаки ҷаҳонро аз он худ кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Садо ва Симо, Ҳамиди Қулизода бунёнгузор ва раиси Cозмони ҷаҳонии сабти рекорди кудакҳои варзиши ҷаҳон (Имору) бо ҳузур дар ноҳияи Алаштари Эрон боло бурдани вазни 95 килоӣ тавассути Киёни Рашидиро мушоҳида кард то лақаби қавитарин кӯдаки ҷаҳон ба ин кӯдаки 6 солаи эронӣ таъалуқ гирад.

Киёни Рашидӣ бо истеъдоди зоти аз кӯдаки дорои қудрати фавқулода буд, хонаводаи вай бо шинохтани истеъдоди ин кӯдак ва муъаррифи ба Муҳаммадризо Сипаҳванд, раиси варзишҳои донишгоҳии Луристони Эрон талош дар парвариши зотии кӯдаки хурдсоли худ доштанд.

Киёни Рашидӣ пас аз анҷоми тамринот зери назари  Сипаҳвандӣ дар мусобиқоти Поварлифтинг ширкат кард  ва тавонист вазнаи 95 килоиро болои сар бибарад.

Киёни Рашидӣ орзу дорад монанди Ҳусейни Ризозода устураи эронӣ вазнабардори ҷаҳон, қаҳрамони дунё шавад.