Июл 07, 2022 09:51 Asia/Dushanbe
  • Таслияти солрузи шаҳодати имом Муҳаммади Боқир(а)
    Таслияти солрузи шаҳодати имом Муҳаммади Боқир(а)

Эрони Исломӣ дар солрузи шаҳодати имом Муҳаммади Боқир(а) дар ғаму мотам аст.

Панҷшанбе 16 тир 1401 баробар бо 7 зилҳаҷҷаи 1443 ҳиҷри қамари мудосиф  аст бо 7 июли соли 2022 солрузи шаҳодати ҳазрати имом Муҳаммади Боқир(а) набераи гаронқадри Паёмбари Ислом(с) аст.

Лақаби ишон Боқир ё боқирул улум (шикофандаи илмҳо) аст.

Ҳазрати имом Муҳаммади Боқир(а) 19 солу 10 моҳ пас аз шаҳодати падари бузургаворашон ҳазрати имом Зайналобуддин(а) ба анҷоми вазифаи хатири имомати пардохтанд.

Имом Муҳаммади Боқир(а) дар дувони худ аз нашр ва таблиғи фарҳанги исломӣ, таълими шогирдон, раҳбарии асҳоб ва мардум, иҷро кардани суннатҳои ҷади бузургавораншон ҳазрати Муҳаммад(с) дар миёни мардум ва огоҳ кардани дастгоҳи ғосиби ҳукумат ба хатти саҳиҳи раҳбари лаҳзае ғафлат накарданд.

Имом Боқир(а) саранҷом ҳафтуми зилҳаҷа соли 114 ҳиҷри қамарӣ дар 57 солаги дар Мадина ва воситаи Ҳошим ибни Абдулмолик аз хулафои умави заҳролуд ва ба шаҳодат расиданд.

Радиои тоҷикии Садои Хуросон фаро расидани солрузи шаҳодати ҳазрати имом Муҳаммди Боқир(а) набераи гаронқадри Паёмбари Ислом(с)ро ба мусалмонони ҷаҳон таслият мегуяд.