Паёми тасляти Раисӣ ба давлат ва миллати Ҷопон
Раис Ҷумҳӯри Исломи Эрон дар паёме ба нахуствазири Ҷопон, даргузашти Шинзо Обе нахуствазири пешини ин кишвар дар як ҳамлаи ғайри инсониро ба давлат ва миллати Ҷопон таслият гуфт.
"Шинзо Обе" нахуст вазири Ҷопон рӯзи ҷӯмъа дар ҳангоми суханрони дар шаҳри "Норо" , ғарбӣ ин кишвар ҳадафи тирандозӣ қарор гирифт ва ба шиддат захмӣ шуд ва сипас дар бемористон ҷон бохт.
Тирандози ба Шинзо Обе нахуствазири пешини Ҷопон ҳангоми анҷом шуд ки вай дар як корзори интихоботи дар шаҳри Норо машғули суханронии таблиғоти барои мардум буд.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон,Сайид Иброҳими Раисӣ дар ин паём бо таслияти даргузашти Шинзо Обе нахуствазири пешини Ҷопон хотирнишон қард, он даргузашта, сиёстмадори бузург барои мардуми Ҷопон ва шахсияти байналмиллалӣ буд, ки нақши муҳиме дар тавсиаи равобити таърихии Ҷумҳӯрии Исломии Эрон ва Ҷопон ифо кард.
Раисӣ дар поён бо ибрози таслият ва ҳамдардии амиқ бо давлат ва миллати дӯсти Ҷопон, аз худванди бузург барои рӯҳи нахуствазири пешини ин кишвар оромиш ва раҳмат хостор шуд.
Ҳусайни Амирабдуллоҳиён вазири хориҷаи Ҷумҳӯрии Исломии Эрон низ дар паёме ба Ҳоёши Юшимосо вазири хориҷаи Ҷопон, даргузашти Шинзо Обе нахуствазири пешини ин кишварро таслият гуфта буд.
Вазири хориҷаи Ҷумҳӯрии Исломии Эрон дар паёми худ ба ҳамтои ҷопониаш аз Шинзо Обе ба унвон раҳбари барҷаста, ки нақши муҳиме дар таҳавуллоти шарқи Осиё дошт ёд кард.