Июл 09, 2022 16:53 Asia/Dushanbe
  • Роҳёбии чор гуштингири Эрон ба финали қаҳрамонии ҷавонони Осиё
    Роҳёбии чор гуштингири Эрон ба финали қаҳрамонии ҷавонони Осиё

Чор гуштингири Эрон ба финали мусобиқоти қаҳрамонии ҷавонони Осиё роҳ ёфтанд.

Рақобатҳои панҷ вазни нахусти куштии озоди қаҳрамонии ҷавонони Осиё аз имрӯз дар шаҳри Маноме пойтахти Баҳрайн оғоз шуд, ки чор намояндаи Эрон ба финал роҳ ёфтанд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон дар поёни мусобиқоти муқадимотии панҷ вазни нахусти рақобатҳои куштии озиди қаҳрамонии ҷавонони Осиё Ризо Муъмини дар вазни 57 килограм, Ҳусейни Муҳаммадоқоӣ дар вазни 70 килограм, Субҳон Ёри дар вазни 79 килограм, ва Амирали Озарпиро дар вазни 97 килограм ба дидори финал роҳ ёфтанд.

Дар вазни 57 килограм Ризо Муъмини  ба масофи Мари Бозорбоев аз Қазоқистон меравад.

Дар вазни 70 килограм Ҳусейни Муҳаммадоқоӣ низ дар дидори поёнӣ бо Мулоим Ёдов аз Ҳинд кушти мегирад.

Дар вазни 79 килограм Субҳон Ёри ба масофи Субору Токоҳоро аз Ҷопон меравад.

Дар вазни 97 килограм низ Амирали Озарпир дар дидори поёни бо Ошиш аз Ҳинд кушти мегирад.

 

Барчасп