Афзоиши бозгашти муҳоҷирони афғонистонӣ аз Хуросони Разавӣ
(last modified Sat, 09 Jul 2022 15:41:07 GMT )
Июл 09, 2022 20:41 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши бозгашти муҳоҷирони афғонистонӣ аз Хуросони Разавӣ
    Афзоиши бозгашти муҳоҷирони афғонистонӣ аз Хуросони Разавӣ

Мудири кулли абоъ ва муҳоҷирини хориҷии устони Хуросони Разавӣ, шимоли шарқи Эрон гуфт: Бо вуҷуди сели вурдуи ахир дар Афғонистон, мизони бозгашти муҳоҷирони афғонистонӣ ба кишварашон афзоиш ёфта аст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон Сайид Алии Қосимӣ афзуд: Дар охирин саршумории шаҳрвандони хориҷӣ дар ин устон ҳудуди 200 ҳазор нафар шаҳрвандони бедуни муҷавиз ва ғайриқонуни сабт шуданд, ки бисёри аз онҳо ба далели набуди шуғл ва қиматии маскан қасди бозгашт ба кишвари худро доранд.

  • Қосимӣ мавзеъи Ҷумҳурии Исломии Эрон дар ҷараёни таҳавулоти Афғонистонро ҳимоят аз мардуми ин кишвар эълом карду гуфт: Дар ҳавзаи масоили Афғонистон фориғ аз ин ки сатҳи равобити расмии Эрон бо Толибон чигуна аст, бояд изъон кард, ки амният дар Афғонистон дар давраи Толибон дар муқоиса бо қабли иртиқоъ ёфта аст ва ҳамин масъала аз омилҳои муҳими шиддат ёфтани бозгашти муҳоҷирони афғонистонӣ аз Хуросони Разавӣ ба кишварашон аст.
  • Мудири кулли атбоъ ва муҳоҷирини хориҷии Хуросони Разавӣ таъкид кард: 95 дарсади ҷамъияти шаҳрвандони муҷоз ва ғайри муҷози хориҷӣ дар ин устон аксаран афғонистонии муқими Машҳад ҳастанд ва бар асоси тарҳи саршумории ҷадид ва омори гузашта, теъдоди шаҳрвандони афғонистонии сабтшуда ва ё дорои муҷавизи истиқомат дар Машҳад ҳудуди ним миллион нафар аст.

То пеш аз тағири ҳокимият дар Афғонистон ва руи кор омадани Толибон, устон 6.9 миллион нафарии Хуросони Разавӣ мизбони 320 ҳазор нафар аз шаҳрвандони афғонистонии дорои муҷавиз, гузарнома ва корти омоиш буд, ки 95 дарсади ин гуруҳ аз шаҳрвандони хориҷӣ дар калоншаҳр 3.9 миллион нафарии Машҳад сукунат доштанд.