Июл 10, 2022 20:59 Asia/Dushanbe
  • Густариши равобити дуҷониба меҳвари гуфтугӯи телефонии вазирони хориҷаи Эрон ва Ироқ
    Густариши равобити дуҷониба меҳвари гуфтугӯи телефонии вазирони хориҷаи Эрон ва Ироқ

Вазирони умури хориҷаи Эрон ва Ироқ дар хусуси тавсеа ва густариши равобити дуҷонибаи Теҳрон ва Бағдод ҳамчунин бархе умури марбут бо сафари зоирони эронӣ ва ироқӣ ба ду кишвар гуфтугӯ карданд.

Ба гузориши хабаргузории ИСНО дар тамоси телефонии рӯзи якшанбе Ҳусен Абмир Абдуллоҳиён, вазири умури хориҷаи Эрон бо Фавод Ҳусейн, вазири умури хориҷаи Ироқ бархе мавзухоти мавриди эҳтимоми муштарак аз ҷумла пайгирии тавсеа ва густариши равобити ду ҷонибаи Теҳрон ва Бағдод ҳамчунин бархе умури муртабит бо сафари зоирони эронӣ ва ироқӣ ба ду кишвар мавриди барраси ва табодули назар қарор гирифт.

Вазирони умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Ироқ бар лузуми пайгирии тавофуқоти суратгирифта дар сафари нахуствазири Ироқ ба Теҳрон дар мавриди густариши равобити дуҷониба ва ҳамчунин осон намудани сафари зоирони эронӣ ва ироқӣ дар муносибатҳои динӣ ва мазҳабӣ ба хусус Арбаъини Ҳусейни таъкид карданд.

Амир Абдуллоҳиён бо ташакур аз кумакҳо ба амал омада барои анҷоми сафари зоирони эронӣ дар рӯзи арафа, ҳамчунин ҳамоҳангӣ барои зиёрати зоирони эронӣ дар Арбаъин аз талошҳои тарафи ироқӣ барои эъзоми ҳоҷиёни эронӣ ба Арабистон Саъудӣ ҷиҳати анҷоми матлуби фарзияи ҳаҷи таматуъ қадрдони кард.

Вазири умури хориҷаи Ироқ низ зимни эъломи омодагӣ ҷиҳати идома доштани мусоъидатҳо барои осонии умури марбут ба сафари зоирони арафа ва Арбаъин ва ҳамчунин маносики ҳаҷ бар омодагии давлати Ироқ ҷиҳати фароҳам кардани заминаҳои лозим барои баргузории муносиби зиёрати Арбаъин таъкид кард.

Фавод Ҳусейн таъкид кард давлати ИРоқ ҳадиаксари талоши худро барои осонии сафари зоирони Ҳусейни ва баргузории ҳарчи бошукуҳи маросими арбаъини Ҳусейни ба кор хоҳад гирифт.

 

Барчасп