Июл 12, 2022 11:23 Asia/Dushanbe
  • Авлавияти сиёсати хориҷаи Ҷумҳӯри Исломии Эрон дар Аврупо, бар кор ба Италия мутамаркиз аст
    Авлавияти сиёсати хориҷаи Ҷумҳӯри Исломии Эрон дар Аврупо, бар кор ба Италия мутамаркиз аст

Раиси утоқи муштараки бозаргонии Италия ва Эрон дар нишасте бо ҳузӯри Ҳусайн Амирабдуллоҳиён вазири хориҷаи Ҷуҳӯрии Исломии Эрон, дар Рум пойтахти Италия бо ишора ба иштиёқи фаъолони иқтисодии ин кишвар барои ҳамокри бо Эрон хостори рафъи мавонеъи мавҷӯд дар ин масир шуд.

Ҳусайн Амирабдуллоҳиён вазири хориҷаи Ҷумҳӯри  Исломии Эрон асри душанбе, дар ҷараёни дидораш  дар нишасте бо ҳузӯри теъдоде аз сармоягузорон ва соҳибони саноъеи ин кишвар ширкат кард.

Ба гузориши Садои Хуросон, Амирабдуллоҳиён дар ин нишаст, бо ишора бо собиқаи 160 солаи равобити дукишвар, изҳор дошт: Авлавияти сиёсати хориҷаи Ҷумҳӯри Исломии Эрон дар Аврупо, бар кор ба Италия мутамаркиз аст ва бо таваҷҷӯҳ ба инки иқтисоди дукишвар мукамил аст, заминаҳои фаровоне барои ҳамкориҳои муштараки  вуҷӯд дорад.

Вазири хориҷаи Ҷумҳӯрии Исломии Эрон дар ин нишаст бо ишора ба бӯҳрони Короно ва ҷанги Украина, ду масъалаи муҳим амниятӣ ғизоӣ ва амниятии энергиро мавриди таваҷӯҳ қарор дод ва афзӯд, Ҷумҳӯрии Исломи Эрон бо фаъол кардани масири транзети Шимол-Ҷануб ва Шарқ-Ғарб,ба дунболи кумак ба ҳалли бӯҳронҳои мавҷӯд аст.

Вазири хориҷаи Ҷумҳӯри Исломии Эрон дар идома бар иҷрои мувофиқатномаҳои дукишвар таъкид ва ишора ба фаъол шудани парвози мустақим Теҳрон-Рум дар ҳайтаи ҷорӣ, нисбат ба афзоиши ин парвозҳо ибрози умедвори кард.

Вазири хориҷаи Ҷумҳӯрии Исломи Эрон дар ин нишаст ҳамчунин бо ишора ба раванди музокироти рафъи таҳримҳо,  тазмини интифоӣ Ҷумҳӯрии Исломии Эрон аз манофеъи БарҶомро дорои аҳамият хонд.

Зомпинӣ раиси утоқи муштараки бозаргонии Италия ва Эрон низ дар ин нишаст бо ишора ба иштиёқи фаъолони иқтисоди Италия барои ҳам кори бо Эрон, хостори рафъи мавонеъ мавҷӯд дари ин масир шуд.

Раиси дастгоҳи дипломосии Эрон дирӯз душанбе ба даъвати расмии Лойиҷи Димою вазири хориҷаи Италия барои дидор ва гуфтугӯ бо мақомоти ин кишвар ва низ Вотикон дар садри ҳайате вориди Италия шуд.

 

 

 

Барчасп