Артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон дар беҳтарин шароит
Фармондеҳи кулли артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон таъкид кард: Артиши Эрон дар беҳтарин шароит ва омодатар аз ҳар замони дигар аст.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон геренал Сайид Абдураҳими Мусавӣ дар маросими боздиди Ғуломҳусейни Муҳсинии Эжаӣ, раиси қуваи қазоия аз ДОФУС-и артиш гуфт: Ин ки фармондеҳи муаззами кулли қувво мефармояд артиш намоишгоҳи аз арзишҳои исломӣ аст, ки метавон онро сари даст гирифт ва ба ҳама нишон дод ҳосили тақдми хуни шуҳадо, исоргарон ва фадокории даҳҳо ҳазор артиши аст.
Генерал Мусавӣ афзуд: Имруз артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон бо истиқрори заминӣ дар марзҳои ғарб, шимоли шарқ ва бахше аз шимоли ғарби кишвар ҳаросати шабонарузи аз осмони Эрони сарбаланди исломӣ бо нерӯи падофанд ва нерӯи ҳавоӣ ва пуштибонии ҳавоӣ аз ҳамаи маъмуриятҳои мавриди ниёзи кишвар ва ҳузури муқтадирона дар обҳои озод ва ҳаросат аз манофеъи миллӣ бо гусели киштиҳои тиҷораи ва нефткаш, маъмурияти худро ба беҳтарин шакли мумкин анҷом медиҳад.
Фармондеҳи кулли артиш таъкид кард: Имрӯз артиш дар беҳтарин шароит ва омодатар аз ҳар замони дигар гуш ба фармони фармондеҳи муаззами кулли қувво аст то дар ҳар ҷоӣ ки ирода фаромоянд вориди амал шавад.