Июл 13, 2022 16:46 Asia/Dushanbe
  • Эҷоди панҷ ягони ҷадиди паҳподи дар нерӯзи заминии артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон
    Эҷоди панҷ ягони ҷадиди паҳподи дар нерӯзи заминии артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон

Фармондеҳи нерӯи заминии артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон гуфт: Эҷоди панҷ ягони ҷадиди паҳподи дар ин нерӯ пайгири мешавад.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, генерал Киюмарси Ҳайдари бо баёни ин ки имрӯз яке аз аркони аслии пешрафтаи таслиҳоти дар нерӯи замини артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон вуруд ба арсаи паҳподи аст, гуфт: Пешниҳоди ташкили 5 гуҳури паҳподи ба силсила маротиби фармондеҳ эълом шуда аст.

Генерал Ҳайдарӣ таъкид кард: Ҷаҳон бо дидани қудрати артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон агушт ба даҳан монда аст ва дар ҳамин росто талош мешавад то силоҳ ва таҷҳизоти нерӯҳои мусаллаҳ иртиқо ёбад ва бар ҳамин асос аз силоҳҳои даврзан ва дақиқзан дар артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон истифода мешавад.

Фармондеҳи нерӯи заминии артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон таъкид кард: Нерӯи заминии артиш барои аз байн бурдани ҳаргуна хатар ва таҳдид дар ҳар сатҳ ва миқёси омодаги дорад ва ин тавонманди дар размоишҳои ахири ин неру ба намоиш даромада аст.