Июл 14, 2022 17:16 Asia/Dushanbe
  • Баргузории ду иҷлоси муҳим дар Теҳрон бо ҳузури Путин ва Ардуғон
    Баргузории ду иҷлоси муҳим дар Теҳрон бо ҳузури Путин ва Ардуғон

Сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Анкара аз баргузории ду иҷлоси муҳим дар Теҳрон бо ҳузури раисони Ҷумҳурии Русия ва Туркия хабар дод.

Муҳаммади Фарозманд, сафири Эрон дар Анкара дар твриттер навишт: Ҳафтаи оянда ду иҷлоси муҳими кумитаи олии равобити Эрон ва Туркия ва ҳафтумин иҷлоси сарони ибтикори Остона дар Теҳрон баргузор мешавад.

Владимир Путин ва Раҷаб Тайиб Ардуғон, раисони Ҷумҳурии Русия ва Туркия барои ширкат дар ин иҷлос ба Теҳрон сафар мекунанд.

Ба гузориши ИРНА, Муҳаммади Фарозманд дар саифаи твиттерии худ навишт: Дар буҳбуҳаи таҳавулоти сарнавиштсози минтақавӣ ва байналмиллалӣ, Теҳрон дар як рӯз мизбони ду иҷлоси муҳим хоҳад буд.

Ҳафтумин иҷлоси кумитаи олии равобити Эрон ва Туркия ва ҳафтумин иҷлоси сарони ибтикори Остона, ки ҳарду иҷлос пас аз як вақфаи чандсола баргузор мешавад.

Фарозманд таъкид кард: Танавуъ ва ҳаҷми рафту омадҳои дипломотики Теҳрон қобили таваҷҷуҳ аст.

 

Барчасп