Табрики солрӯзи валодати босаодати ҳазрати имом Алӣ Аннақӣ (а)
Июл 15, 2022 16:50 Asia/Dushanbe
Имрӯз (ҷумъа), понздаҳуми зилҳаҷҷаи соли 1443 ҳиҷрии қамарӣ, баробар бо 15 июли 2022, солрӯзи валодати босаодати ҳазрати имом Алӣ Аннақӣ (а), аз наберагони расули гиромии Ислом (с) аст.
Ҳазрати имом Алӣ Аннақӣ (а) дар соли 212 ҳиҷрии қамарӣ наздики шаҳри Мадина ба дунё омаданд ва таҳти роҳнамоиҳои падари бузургвораш имом Ҷавод (а) қарор гирифтанд.
Аз алқоби машҳури имом Алӣ Аннақӣ (а) “Ҳодӣ”- ба маънои ҳидояткунанда аст.
Радиои тоҷикии Садои Хуросон фаро расидани солрӯзи валодати ҳазрати имом Алӣ Аннақӣ (а) -ро ба ҳамаи мусулмонон табрик мегӯяд.
Барчасп