Декабр 01, 2016 16:20 Asia/Dushanbe
  • Корхонаи тасфияи партобҳои Хайнараби Машҳад ифтитоҳ шуд

Корхонаи тасфияи партобҳои Хайнараби Машҳад бо зарфияти 83 ҳазор метри мукааб, рӯзи панҷшанбе ҳамзамон бо оғози моҳи рабеъулаввал бо ҳузури раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон ифтитоҳ шуд.

Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон дар боздид аз бахшҳои мухталифи ин корхона дар Машҳад, ки шомили 12 махзан бо фароянди “SBR” пешрафтааст,  бо тавзеҳи мудирон ва муҳандисони иҷроии ин тарҳ, дар ҷараёни чигунагии эҳдос ва наҳваи амалкарди он қарор гирифт ва пас аз пардабардорӣ аз ёдмон, бо ҳузур дар утоқи контрол, дастури оғози баҳрабардорӣ аз ин тасфияхонаро содир кард.  Калоншаҳри Машҳад бо 328 километри мурабба/масоҳат ва 3,5 миллион нафар ҷамъият, солона пазирои 25 миллион зоир ва мусофир аз  гушаву канори Эрон ва ҷаҳон аст.