Эрони Исломӣ саросар ҷашну шодҳмонӣ дар иди Саиди Ғадир
Шаҳрҳои мухталифи Эрони Исломӣ дар рӯзи иди Саиди Ғадир, саросар ҷашну шодмонӣ аст.
Имрӯз душанбе ҳаждаҳуми зилҳаҷҷаи соли 1443 ҳиҷрии қамарӣ мусодиф бо 18-уми июли соли 2022 мелодӣ рӯзи иди Саиди Ғадири Хум, иди бузурги мусалмонон аст.
Ба гузориши хабаргузории Садо ва Симо, дустдорони аҳли байт исмат ва таҳорат алайҳи салом дар рӯзи иди комил шудани дин ва итмоми неъмати Худованд, хиёбонҳоро чароғонӣ ва оинҳои ҷашну сурур дар ҷой ҷойи Эрони Исломӣ баргузор карданд.
Мардуми Эрон бо пахши шарбат ва додани ҳадия, иди Ғадири Хумро гироми доштанд.
Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ раҳбари муаззами инқилоби исломии Эрон ҳам ба муносибати ин иди Саид, бо авф ё тахфифи муҷозоти 2272 нафар аз маҳкумони маҳокими умумӣ ва инқилоб, Созмони қазоӣ нерӯҳои мусалла ва таъзироти ҳукумати мувофиқат кард.
Бештар бихонед: