Июл 19, 2022 12:20 Asia/Dushanbe
  • Тими 4 нафараи Эрон бо касби чаҳор медали тилло рутбаи аввали ҷаҳонро аз они худ карданд
    Тими 4 нафараи Эрон бо касби чаҳор медали тилло рутбаи аввали ҷаҳонро аз они худ карданд

Тими миллии олимпиадаи зистшиносии Эрон дар сиюсеюмин олимпиадаи байналмилалии зистшиносӣ рутбаи аввали ҷаҳонро аз они худ кард.

Ба гузориши ИРНА, Меҳдии Афшорӣ, Амирризо Зайнолӣ, Муҳаммадамини Каёнӣ ва Муҳаммадмаҳдии Раҳимпур аъзои тими чаҳорнафараи Эрон дар ин рақобати илмӣ буданд, ки тавонистанд бо касби чаҳор медали тилло рутбаи аввали ҷаҳонро аз они худ кунанд.

Олимпиадаи ҷаҳонии зист 2022 имсол ба мизбонии Арманистон ва бо ҳузури 65 кишвар ба сурати ҳузурӣ баргузор шуд, ки Эрону Русия ба таври муштарак дар радаи нахуст қарор гирифтанд.

 

Бештар бихонед:

 

Барчасп