Сарлашкар Оштиёнӣ : Режими ишғолгари Қудс душмани кишварҳои исломӣ аст
Вазири дифо ва пуштибонии неруҳои мусаллаҳи Эрон дар дидори вазири дифои Туркия режими ишғолгари Қудсро душмани воқеӣ ва абадии кишварҳои исломӣ унвон кард.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон Муҳамадризои Оштиёнӣ дар дидори Хулуси Окор-вазири дифои Туркия дар Теҳрон бо ишора ба раванди оддисозӣ равобити бархе аз кишварҳои минтақа бо режими манҳусу ҷаълии саҳюнистӣ гуфт: Режими ишғолгари Қудс душмани воқеӣ ва абадии кишварҳои исломӣ аст ва муттаассифона бархе равандҳо дар минтақаи ғарби Осиё ношӣ аз ин ғафлати бузург аст .
Сарлашкар Оштиёнӣ бо баёни инки минтақаи ғарби Осиё пас аз як давраи пурошуб ва ҳарҷу марҷ ба далели таҳдидоти бархурдор аз тероризму ифротгароӣ, таҷзияталабӣ ва ҷангҳои ниёбатӣ инак ба як оромиши нисбӣ расидааст, тасреҳ кард, аммо сояи ин таҳдид ҳамчунон дар минтақа вуҷуд дорад ва таҳдидот ҳамчунон эҷоб мекунад, то кишварҳои муҳими минтақа аз зарфиятҳои худ ҷиҳати эҷоди амният истифода кунанд .
Вазири дифои Эрон рӯйкарди Ҷумҳурии исломӣ дар хусӯси масоилу мавзӯъоти минтақаро устувор бар мушорикати кишварҳои минтақа барои ҳаллу фасли масоил аз тариқи гуфтугӯ ва ҳамчунин эҳтиром ба ҳокимияти миллӣ ва тамомияти арзии кишварҳо ва мухолифат бо ҳар гуна тағироти марзӣ ва арзӣ эълом кард .
Сарлашкар Оштиёнӣ бо баёни инки Эрону Туркия аз зарфиятҳои қобили таваҷҷуҳе дар бахшҳои дифоӣ,низомӣ ва ҳатто санъати дифоӣ бархурдор ҳастанд, гуфт: Дар ҳавзаи саноъати дифоӣ хушбахтона зарфиятҳои қобили таваҷҷуҳе барои ҳамкории миёни ду кишвар вуҷуд дорад.
Хулуси Окор-вазири дифои Туркия низ дар ин дидор бо ишора ба иштирокоти фаровони Эрону Туркия изҳор кард: Ҳамкории Эрону Туркия барои ҳифзу суботи амнияти ду кишвар ва минтақа дорои аҳамият аст .
Окор бо баёни инки имрӯз тероризм яке аз абзорҳои империализм ба шумор меравад, тасреҳ кард: Душманон аз ин абзор ва роҳ андохтани ҷанги давраӣ дар паи эҷоди ноамнӣ дар минтақа ҳастанд .