Июл 20, 2022 09:45 Asia/Dushanbe
  • Амрикоиҳо аз минтақаи шарқи Фурот дар Сурия бояд берун ронда шаванд

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ-Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ асри сешанбе дар дидори раиси ҷумҳури Русия ва ҳайати ҳамроҳаш бо таъкид бар зарурати амалиётӣ шудани тафоҳумҳо ва қарордодҳои байни ду кишвар, ҳушёрӣ дар муқобили сиёсатҳои фиребкоронаи Ғарбро лозим донистанд

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз пойгоҳи иттилоърасонии дафтари Мақоми муаззами раҳбарӣ, ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ дар ин дидор бо таъкид бар ин ки ҳаводиси ҷаҳонӣ нишондиҳандаи ниёзи Эрону Русия ба ҳамкориҳои рӯзафзун ва мутақобил аст, афзуданд : Тафоҳумҳову қарордодҳои фаровоне байни ду кишвар аз ҷумла дар бахши нафту газ дар ҷараён аст ,ки бояд то интиҳо пайгирӣ ва амалиётӣ шаванд .
Ишон ҳамкориҳои иқтисодии Эрону Русияро бавижа дар паии таҳримҳои Ғарб зарурӣ ва ба нафъи ҳар ду кишвар донистанд ва дар хусуси ҳаводиси Украина гуфтанд : Ҷанги як мақулаи хашин ва сахт аст ва Ҷумҳурии исломӣ аз инки мардуми оддӣ дучори он шаванд ба ҳеҷ ваҷҳ хурсанд намешавад, аммо дар қазияи Украина чунончӣ Шумо ибтикори амалро ба даст намегирифтед, тарафи муқобил бо ибтикори худ муҷиби вуқуъи ҷанг мешуд.
Раҳбари инқилоб бо таъкид бар инки ғарбиҳо бо Русияи қавӣ ва мустақил ба куллӣ мухолиф ҳастанд, НАТО-ро мавҷуди хатарнок хонданд ва афзуданд : Агар роҳ дар муқобили НАТО боз бошад ҳадду марзӣ намешиносад ва агар ҷилави он дар Украина гирифта намешуд, муддате баъд ба баҳонаи Қирим  ҳамин ҷангро ба роҳ меандохтанд .


Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ хотирнишон карданд : Албатта имрӯз Амрико ва Ғарб заъифтар аз қабл шуда ва бо вуҷуди талошу ҳазинаи зиёд бурди сиёсатҳои онҳо дар минтақаи мо аз ҷумла дар Сурия, Ироқ, Лубнон ва Фаластин бисёр кам шудааст.


Ишон масаълаи Сурияро бисёр муҳим хонданд ва бо таъкид бар мавзеи Ҷумҳурии исломӣ дар бораи мухолифат бо ҳамлаи низомӣ ба ин кишвар ва лузуми ҷилавгирӣ аз он гуфтанд : Як масъалаи муҳими дигар дар мавзӯи Сурия ишғоли манотиқи ҳосилхезу нафтхези шарқи Фурот ба василаи Амрикост ,ки ин қазия бояд бо берун рондани онҳо аз он минтақа илоҷ шавад . Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ бо тақбеҳи дахолатҳои режими саҳюнистӣ дар қазоёи минтақа мавозеъи ахири раиси ҷумҳури Русия алайҳи саҳюнистҳоро таҳсинбарангез хонданд.


Ишон дар идома таъкид карданд : Ҷумҳурии исломӣ сиёсатҳову барномаҳоеро, ки мунҷар ба баста шудани марзи Эрон ва Арманистон шавад, ҳаргиз таҳаммул нахоҳад кард .

Раҳбари инқилоб ҳамкориҳои дарозмуддати Эрону Русияро ҷиддану амиқан ба нафъи ҳар ду кишвар хонданд ва хитоб ба оқои Путин гуфтанд : Ҷаноби олӣ ва раиси ҷумҳӯри мо ҳар ду аҳли иқдом ва пайгирӣ ҳастед, бинобарин ҳамкориҳои ду кишвар дар ин давра бояд ба авҷи худ бирасад . Ишон бо таъйиди суханони раиси ҷумҳури Русия дар бораи зарурати роҳандозии хати роҳи оҳани Рашт - Астара ин корро муҷиби такмили хати ҳамлу нақли Шимол - Ҷануб ва ба нафъи ҳар ду кишвар донистанд .
Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ ҳамчунин ҳушёрӣ дар муқобили фиребкории Ғарбро зарурӣ хонданд ва гуфтанд : Амрикоиҳо ҳам зӯргӯ ҳастанд ва ҳам ҳилагар ва яке аз авомили фурӯпошии Шуравии собиқ фиреб хурдан дар муқобили сиёсатҳои Амрико буд, албатта Русия дар давраи ҷаноби олӣ истиқлоли худро ҳифз кардааст .
Ишон ҳамчунин бо таъйиди сиёсати ҷойгузинии пулҳои миллӣ дар равобити ду кишвар ва истифода аз арзҳои дигар ба ҷои доллар, гуфтанд : Долларро бояд ба тадриҷ аз масири муомилоти ҷаҳонӣ хориҷ кард ва ин кор ба сурати тадриҷӣ мумкин аст .
Раиси ҷумҳури Русия низ бо баршумурдани авомилу решаҳои ихтилофоти Русияву Украинв бавижа иқдомоти таҳрикомези Ғарбу Амрико дар солҳои ахир аз ҷумла кудато дар Украина ва ҳамчунин сиёсати густариши НАТО бо вуҷуди таъаҳҳудоти қаблии онҳо мабнӣ бар парҳез аз ҳар гуна пешравӣ ба самти Русия, гуфт : Баъзе аз кишварҳои аврупоӣ гуфтанд мо мухолифи узвияти Украина дар НАТО будем, аммо таҳти фишори Амрико бо он мувофиқат кардем,ки ин нишондиҳандаи заъфи ҳокимияту истиқлоли онҳо аст.
Путин террори сардор Сулаймониро намунаи дигаре аз шароратҳои Амрико баршумурд ва дар бахши дигаре аз суханони худ бо ишора ба таҳримҳои Ғарб алайҳи Русия гуфт : Ин таҳримҳо ба зарари Ғарб аст ва натиҷаи он мушкилоте аз ҷумла афзоиши қимати нафт ва буҳрони таъмини маводи ғизоӣ аст.


Раиси ҷумҳури Русия бо ишора ба суъиистифодаи Амрико аз абзори доллар барои таҳриму ғорати кишварҳои дигар ин корро дар ниҳоят ба зиёни онҳо ва муҷиби тазъифи эътимоди ҷаҳонӣ ба ин арз ва ҳаракати кишварҳо ба истифода аз пулҳои ҷойгузин донист ва гуфт : Русияву Эрон дар ҳоли тарроҳии равишҳои ҷадид барои истифода аз пулҳои миллӣ дар равобити ду кишвар ҳастанд .
Раиси ҷумҳури Русия бо таъйиди мавозеъи Раҳбари инқилоб дар бораи минтақаи Қафқоз мавозеъи ду кишвар дар қазияи Сурия аз ҷумла дар мухолифат бо ҳамлаи низомӣ ба шимоли ин кишварро комилан мунтабиқ бо якдигар хонд ва гуфт : Минтақаи шарқи Фурот бояд таҳти контроли неруҳои низомии Сурия қарор бигирад.
Владимир Путин ҳамкориҳои ду кишварро дар ҳамаи бахшҳову пружаҳо дар ҳоли пешрафт донист ва афзуд : Эрону Русия дар Сурия дар ҳоли муборизаи муштарак бо тероризм ҳастанд ва дар заминаи низомӣ низ талош мекунем ҳамкориҳои ду кишвар ва ҳамчунин ҳамкорӣ ва манёврҳои сеҷониба бо Чинро тавсеъа диҳем.