Табрики солрӯзи валодати Имом Мусои Козим ( ъ )
Имрӯз ( чаҳоршанбе ) бистуми зилҳаҷҷаи соли 1443 ҳиҷрии қамарӣ баробар бо 20 июли 2022, солрӯзи валодати босаодати ҳазрати Имом Мусои Козим ( ъ )- набераи поки Паёмбари акрам(с) аст .
Имом Мусои Козим ( ъ ) бистуми зилҳаҷҷаи соли 128 ҳиҷрии қамарӣ дар рустои Ал-Абво, байни Маккаву Мадина дида ба ҷаҳон гушуданд.
Ишон пас аз шаҳодати падари бузургворашон ҳазрати Имом Ҷаъфари Содиқ ( ъ ) уҳдадори масъулияти раҳбарии мусулмонон шуданд.
Имом Мусои Козим ( ъ ) дар илм, тавозуъ,бисёрии садақаҳо ва саховату бахшандагӣ шуҳрати хосе доштанд ; Ишон ба далели сабри зиёд ва меҳрбону бахшанда будан дар баробари касоне, ки ба ӯ бад карда буданд, ба Козим мулаққаб шуд.
Имом Мусои Козим ( ъ ) бо ҷамъи ривоёту аҳодис ва аҳкому эҳёи суннати падари гиромиашон, Имом Ҷаъфари Содиқ ( ъ ) ва низ таълиму иршоди пайравон, исломи ростинро ки бо таъолиму муҷоҳидатҳои падарашон назму истеҳком ёфта буд, ҳифз ва тақвият карданд .
Созмони Садо ва Симои Ҷумҳурии исломии Эрон фаро расидани солрӯзи валодати ҳазрати Имом Мусои Козим ( ъ )-ро ба ҳамаи мусулмонони ҷаҳон табрик мегуяд.