Июл 20, 2022 10:21 Asia/Dushanbe
  • Даври аввали нишасти Остона  дар январи 2017 бо ҳузӯри Эрон, Русия ва Туркия дар Қазоқистон баргузор шуда буд
    Даври аввали нишасти Остона дар январи 2017 бо ҳузӯри Эрон, Русия ва Туркия дар Қазоқистон баргузор шуда буд

Эрон, Русия ва Туркия дар баёнияи поёнии нишасти Остона дар Теҳрон бо таъкид бар ин, ки даргириҳои Сурия ҳеҷ роҳи ҳали низомӣ надорад, азми худро барои идомаи ҳамкори барои мубориза бо терроризм дар ҳамаи заминаҳо иброз кардаанд.

Ҳафтуми иҷлоси кишварҳои зомини раванди Остона бо мизбонии Теҳрон ва бо ҳузӯри руасои Ҷумҳӯри Эрон, Русия ва Туркия баргузор шуд.

Раҷаб Тайиб Эрдуғон раиси Ҷумҳӯри Туркия душанбе шаб ва Владимир Путин раиси Ҷумҳӯри Русия асри сешанбе бо ҳадафи ширкат дар нишасти раванди Остона вориди Теҳрон шуданд.

Музокироти Остона бо ибтикори амалии Эрон ва Русия ва ҳамроҳи Туркия дар соли 2017 бо ҳадафи ҳал ва фасли даргириҳо дар Сурия ва поён бахшидан ба шаш соли ҷанг, оворагӣ ва вайронӣ дар ин кишвар оғоз шуд. Даври аввали нишасти Остона ё нишасти сулҳи Сурия дар январи 2017 бо ҳузӯри Эрон, Русия ва Туркия дар Қазоқистон баргузор шуд.

Ба гузориши ИРНО, дар баёнияи муштараки руасои Ҷумҳӯри Исломии Эрон, Федератсияи Русия ва Ҷумҳӯрии Туркия дар нишасти сеҷонибаи сарон дар чорчӯби раванди Остона омадааст: Секишвар (Эрон, Русия, Туркия) бар таъаҳуди худ ба ҳокимият, истиқлол, ваҳдат ва тамомияти арзии Ҷуҳӯрии арабии Сурия ва ҳамчунин ба аҳдоф ва усули маншури Миллали Муттаҳид таъкид ва тасреҳ карданд, ки ин усул бояд мавриди эҳтироми ҳамагон буда ва ҳеҷ иқдоме фориғ аз омилони он набояд ин усулро тазъиф намояд.

Ин баёния ҳамчунин, афзоиши ҳузӯр ва фаъолияти гурӯҳҳоии террористӣ ва гурӯҳҳои вобаста ба онҳоро бо номҳои гуногӯн дар манотиқи мухталифи Сурия, аз ҷумла ҳамалоте, ки таъсисоти ғайри низомиро ҳадаф қарор доҳа ва мунҷар ба талафоти ҷони бегуноҳон мешавад маҳкум ва  бар зарурати иҷроӣ комили тамоми тамҳидоти марбут ба шимолӣ Сурия таъкид кард.

Руасои кишварҳои зомини раванди Остона дар ин росто тамоми талошҳо барои эҷоди воқеъатҳои ҷадиди майдонӣ ба баҳонаи мубориза бо терроризм, аз ҷумла ибтикороти ғайри машрӯъ худмухториро мардуд дониста, ва азми худро барои муқобила бо дастури корҳои ҷудоиталабона, ки бо ҳадафи тазъифи ҳокимият ва тамомияти арзии Сурия ва низ   таҳдид алайҳи амнияти миллии кишвраҳои ҳамсоя аз тариқи ҳамалот ва нуфӯзҳои фаромарзӣ сурат мегирадро иброз намуданд.

Эрон, Сурия ва Туркия ҳамчунин мухолифати худро бо тасаруф ва интиқоли ғайри қонунии нафт ва даромадҳои ҳосили аз фурӯши он, ки мутаъалиқ ба Сурия аст иброз карданд.

Дар ин баёния омадааст, сарони секишвар бори дигар бар азми худ мабни бар тадовуми ҳамкориҳои ҷорӣ ба манзури нобудии ниҳоии тамоми афрод, гурӯҳҳо, ташакулҳо ва мавҷудиятҳои террористӣ таъкид карданд ва бар тибқи ҳуқуқи байнамиллалии башардустона, хостори муҳофизат аз ғайри низомиён ва зерсохтҳои ғаёри низомӣ шуданд.

Эрон, Русия ва Туркия тавофуқ карданд, ки талошҳои бештаре барои итминон аз оддисозии Идлиб ва атрофи он, аз ҷумла вазъияти инсонӣ сурат диҳанд.

Тарафайн нигаронии амиқи худро нисбат ба шароити инсонӣ дар Сурия иброз намуда ва кулияи таҳримҳои якҷониба, ки мағоир бо ҳуқуқи байналмиллалии башардустона ва маншури Миллали Муттаҳид ҳастанд, аз ҷумла иқдомоти табъизомез аз тариқи судури маъофиятҳо барои манотиқи хос, ки метавонад бо кумак ба дастуркорҳои ҷудоиталабона муҷиби таҷзияи ин кишвар гардадро мардӯд донистанд.

Сарони секишвар зимни тасреҳ бар бархурдории паноҳҷӯён ва оворагони дохили аз ҳақи бозгашт ва ҳақи ҳимоят, бар лузуми тасҳили бозгашти довталабона ва эминона ба иқоматгоҳҳои аслии худ дар Сурия таъкид карданд.

Руасои  кишварҳои зомини раванди Остона  ҳамчунин тадовуми ҳамалоти низомии режими саҳюнистӣ ба Сурия аз ҷумла ба зерсохтҳои  ғайри низомиро маҳкум ва ин ҳамалотро ноқизи ҳуқуқи байналмиллал, ҳуқуқи байналмиллали башардустона ва ҳокимият ва тамомияти арзии Сурия ва ҳамчунин бесубот кунанда ва ташдид кунандаи таниш дар минтақа талқӣ карданд.

Илова бар мавзӯъи Сурия, Раисӣ, Путин ва Эрдуғон бар қасди худ мабни ба тақвияти ҳамоҳангиҳои сеҷониба дар арсаҳои мухталиф ба манзури  азоиши ҳамкориҳои муштараки сиёсӣ ва иқтисодӣ таъкид карданд.

Бештар бихонед:

 

Барчасп