Июл 21, 2022 11:17 Asia/Dushanbe
  • Кордори муваққати сафорати Оржонтин дар Теҳрон (сешанбе) аз сӯйи раиси идораи дуввуми Амрико Вазорати умури хориҷа эҳзор шуд
    Кордори муваққати сафорати Оржонтин дар Теҳрон (сешанбе) аз сӯйи раиси идораи дуввуми Амрико Вазорати умури хориҷа эҳзор шуд

Кордори мувақати сафорати Оржонтин ба Вазорати умури хориҷаи Эрон эҳзор ва маротиби этирози шадиди давлати Ҷумҳӯрии Исломии Эрон ба давлати ин кишвар , ба вай иблоғ шуд.

Ба гузориши радиоии тоҷикии Садои Хуросон, ба дунболи эъмоли маҳдудият барои хурӯҷи панҷ нафар аз шаҳрванди эронӣ хадамаи ҳавопаймои бории Венезуело дар Оржонтин, кордори муваққати сафорати Оржонтин дар Теҳрон (сешанбе) аз сӯйи раиси идораи дуввуми Амрико Вазорати умури хориҷа эҳзор ва маротиби эътирози шадиди давлати Ҷуҳӯрии Исломии Эрон ба давлати Оржонтин, ба вай иблоғ шуд.

Дар ин дидор, зимни таъкид бар беасас будани иттиҳомоти ворида ва ғайри қобили қабул будани раванди тӯлонии давраи таҳқиқоти қозии Оржонтин барои баррасии вазъияти ҳавопаймои венезуелоӣ ва шаҳрванди эронии хадамаи ин ҳавопаймо дар чорчӯби қавонини байналмиллалӣ ва конвонсиюнҳои ҳавонавардӣ комилан қонуни буда ва аз ин бобат ҳеҷ гуна иддаое нисбат ба шаҳрванди эронӣ вуҷӯд надорад.

Дар ин иртибот, маротиби нигаронии давлати Эрон ва низ хонаводаҳои хадамаи эронӣ нисбат ба идомаи вазъияти тавқифи мадорики сафар ва маҳдудияти хурӯҷи онон аз кишваре, ки мисдоқи нақзи ҳуқуқи башар аст, эълом ва бар зарурати рафъи фаврии маҳдудияти хурӯҷи онҳо таъкид ба амал омад.

Барчасп