Тими миллии волейболи Эрон ба масофи Лаҳистон
Тими миллии волейболи Эрон дар марҳалаи як чоруми ниҳоӣ лиги имллатҳо ба масофи Лаҳистон меравад шогирдони Беҳрузи Атоӣ умедворанд бо шикасти уқобҳо барои нахустин бор ба марҳалаи нимаи ниҳоӣ роҳ ёбанд.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон марҳалаи ниҳоӣ лиги миллатҳо 2022 волейбол аз дирӯз чоршанбе дар шаҳри Болония дар кишвари Италия оғоз шуд ва бо ҳашт дидор дар муддати чор рӯз пайгири хоҳад шуд.
Тими миллии волейболи Эрон аз соати 23:30 дақиқаи имрӯз панҷашнбе дар марҳалаи як чоруми ниҳоӣ ин рақобатҳо ба масофи Лаҳистон меравад ва барандаи ин мусобиқа иҷозаи ҳузур дар марҳалаи нимаи ниҳоӣ ва чор тими бартари мусобиқотро ба даст меоварад, бин бар ин ду тим чизе барои аз даст додан надоранд ва бо тамоми тавон ба масофи якдигар хоҳанд рафт.
Тими Лаҳистон дар марҳалаи муқадимоти бо касби 10 бурд таҷрубаи 2 шикаст ва ба даст овардани 31 имтиёз ба далели тафовути поини сетҳо нисбат ба Италияи садрнишин дар ҷойгоҳи дувуми ҷадвал қарор гирифт.
Шогирдони Беҳрузи Атоӣ дар марҳалаи муқадимоти ҳафт бурд ба даст оварданд, ки се бар дуи Лаҳистон дар бозии хонагӣ аз ҷумлаи ин бурдҳо буд ва бо 20 имтиёз дар ҷойгоҳи ҳафтуми ҷадвал қарор гирифтанд то ҳарифи Лаҳистон дар марҳалаи як чоруми ниҳоӣ шаванд.
Дидори ду тими миллии волейболи Эрон ва Лаҳистон бистушашумин ҷидоли таърихии волейболи ду тими аст, кидар 25 мусобиқаи пеш тими Эрон 10 бор пирӯзи майдон буда аст ва дар 15 мусобиқа ҳам Лаҳистон пирӯзи майдон ва мусобиқа шуданд.
Уқобҳои Лаҳистон лақаби ин тим 23 медали рангоранг аз руйдодҳои муҳими волейболи ҷаҳон дар парвандаи пурифтихори худ доранд, ки медали тилло ва мақоми қаҳрамонии бозиҳои олимпики 1976 Манреал аз ҷумлаи онҳо аст.
Ин тим ҳамчунон се унвони қаҳрамонии ҷаҳон дар солҳои 1974, 2014 ва 2018 ва як мақоми қаҳрамонии лиги ҷаҳони дар соли 2012 дорад.
Лаҳистон дар лиги миллатҳои соли 2021 низ муваффақ ба касби мақоми ноибқаҳрамонӣ шуд.