Июл 21, 2022 21:06 Asia/Dushanbe
  • Тасалути артиши Сурия барҳамаи марзҳои ин кишвар зарури аст
    Тасалути артиши Сурия барҳамаи марзҳои ин кишвар зарури аст

Раиси Ҷумҳурии исломии Эрон гуфт: Артиши Сурия бояд бар ҳамаи марзҳои ин кишвар тасалут дошта ва ҳокимияти миллии ин кишвар низ мавриди эҳтиром бошад.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз пойгоҳи иттилоърасонии раёсати ҷумҳурӣ, Сайид Иброҳими Раисӣ дар дидори Файсал Миқдод, вазири хориҷаи Сурия афзуд: Оянда ба нафъи мардуми ин кишвар хоҳад буд ва сабру муқовимати миллати Сурия боиси равшан будани ояндаи ин кишвар ва минтақа мешавад. Раиси Ҷумуҳрии Исломии Эрон гуфт: Амрико аз шарқи Фурот ва кулли минтақа роҳи ҳалли асосӣ ва решаи буҳронҳои ғарби Осиё аст ва ҳамонтавре, ки Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ фармуданд амрикоиҳо бояд аз Сурия хориҷ шаванд.

  • Файсал Миқдод низ бо иблоғи саломи Башор Асад, раиси Ҷумҳурии Сурия ба раиси Ҷумуҳрии Исломии Эрон, гузорише аз вазъияти кунунии сиёсӣ ва амниятии ин кишвар ироа кард.
  • Вазири хориҷаи Сурия ба иродаи кишвараш барои ҳалли масоил ва мушкилоти Сурия ишора карду афзуд: Ибтикорҳои сиёсӣ ва дипломотики мухталиферо ҷиҳати ноил шудан ба ҳадафҳо дар дастури кор қарор дорад.

Вазири хориҷаи Сурия бо қадрдонӣ аз баргузории нишасти Остона дар Эрон ва ибрози хурсанди аз дастовардҳои ин нишаст гуфт: Назароти раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Раҳбари муаззами инқилоб нишондиҳандаи ҳампаймонӣ байни Теҳрон ва Димишқ аст.

 

Барчасп