Июл 23, 2022 09:17 Asia/Dushanbe
  • Солория изҳор кард, нуқтаи мусбати таҳримҳо ин аст, ки худ иттикои дар Эрон боло рафтааст
    Солория изҳор кард, нуқтаи мусбати таҳримҳо ин аст, ки худ иттикои дар Эрон боло рафтааст

Раиси Созмони фазоии Эрон бо баёни инки як моҳвора омодаи партоб ба фазо аст пешбинӣ кард ин моҳвора бо талоши тими партобгар дар тирамоҳ, ба фазо партоб мешавад.

Ба гузориши Садои Хуросон, Ҳасанӣ Солория раиси Созмони фазоии Эрон бо таъкид бар зарӯрати ҳузӯр дар фазо ва истифода аз имконоти фазоӣ афзӯд, тақрибан бидуни ҳузӯр дар фазо ҳокимияти кишваро зери савол аст ва ҳокимияти комиле наметавон дошта бошанд.

Солория бо баёни инки акнун фазо ҷузъи ҷудоинопазири ҳокимияти кишварҳо шудааст тасреҳ кард, ба таври мисол мудирияти ҳавзаи бисёр муҳими кишоварзӣ, ки бо амнияти ғизоии мардум дар иртибот аст имрӯз бидуни ҳузӯр дар фазо хели гарон ва бисёр ноқис анҷом мешавад ва фақат аз тариқи ҳузӯр дар фазост, ки метавон ашрофи бисёр комил ва бо сурати боло дар замони кутоҳ  нисбат ба сатҳи зеркишт, офатҳои мухталифи кишоварзӣ, вазъияти хушксолӣ ва вазъияти осебҳое, ки ба заминҳои кишоварзӣ дар асари ҳаводиси мухталиф эҷод шудааст, донист.

Раиси Созмони фазоии Эрон ҳӯмчунин ишора ба ин,ки авзои кишвар дар минтақа дар ҳавзаи фазо аз назари дониш ва пажуҳиш ба вижа дониш ва пажуҳиши бумӣ хуб аст, изҳор кард, нуқтаи мусбати таҳримҳо ин аст, ки худ иттикои дар Эрон боло рафтааст.

Барчасп