Июл 23, 2022 16:38 Asia/Dushanbe
  • Ташкили давлати фарогир роҳи берун рафтани Афғонистон аз вазъияти кунуни аст
    Ташкили давлати фарогир роҳи берун рафтани Афғонистон аз вазъияти кунуни аст

Намояндаи вижаи раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон дар умури Афғонистон истифода аз ҳамаи зарфиятҳои мардуми барои ташкили давлати фарогирро танҳо роҳи берун рафтани Афғонистон аз вазъияти кунунии ин кишвар донист.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Ҳасани Козимии Қумӣ, ки дар остонаи иҷлоси байналмиллалӣ ва минтақавии Тошканд бо мавзуъи Афғонистон ба Исломобод сарфар карда аст, баъд аз дидор бо бархе мақомоти олирутбаи Покистон зимни ибрози нигарони аз густариши терроризм дар Афғонистон афзуд: Дар як соли ахир ДИИШ дар Афғонистон аз лиҳози ҷуғрофиёӣ, сохтор ва созмони густариш ёфт ва мутақобилан талоши Амрико низ ин аст то шароитеро бавуҷуд оварад, ки Афғонистон ба самти суботу амният наравад.

Козимии Қумӣ бо баёни ин ки сиёсати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар бораи Афғонисон мутобиқ бо фармоишоти Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ бар пояи нигоҳи мардуми аст, гуфт: Бар асоси фармоишоти ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ, давлатҳо меоянду мераванд ва мардум мемонанд лизо Ҷумҳурии Исломи бо чунин нигоҳи ҳакимона сиёсати худро бар таъомул бо ҳокимони Толибон қарор дод ва далели он низ кумак ба амният, субот ва беҳбуди иқтисодии Афғонистон аст.

Намояндаи вижаи раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон дар умури Афғонистони бо ишора ба дидорҳои хуб бо вазири умури хориҷаи Покистон ва намояндаи вижаи нахуствазири ин кишвар дар умури Афғонистон таъкид кард: Дидгоҳҳои мақомоти покистонӣ дар бораи Афғонистон мусбат аст ва мақомоти ин кишвар низ бар эҷоди суботу амнияти доимӣ дар Афғонистон таъкид доранд.