Эрон бештарин дарсади афзоиши нефт дар ҷаҳонро сабт кард
Ҷумҳурии Исломии Эрон дар соли 2021 бештарин дарсади афзоиши тавлиди нефт дар миёни 10 кишвари бартари тавлидкунандаи ҷаҳонро ба сабт расонд.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, нашрияи Фурбес дар гузорише эълом кард, дар соли 2021 Эрон рӯзона 3.2 миллион бушка нефт тавлид кард ва ҳафтумин кишвари бузурги тавлидкунандаи нефт дар ҷаҳон буда аст.
Дар соли 2020 ҷаҳон бузургтарин коҳиши масрафи нефт дар таърихро ба сабт расонд ва пас аз 9 сол раванди афзоиши масрафи нефт дар ҷаҳон, густариши вируси корона боис шуд то тақозо барои тиллои сиёҳ дар бозори ҷаҳонӣ 9 дарсад коҳиш ёбад.
Бештарин мизони масрафи нефти Амрико дар соли 2005 ба сабт расид, ки нисбат ба соли 2021 нуҳ дарсад бештар буда аст пас аз Амрико ҳам Чин бо масрафи рузона 15.4 миллион бушка дувумин масрафкунандаи нефти ҷаҳон буд.
Дар гузориши Фурбес омада аст тавлиди нефт дар 6 кишвари бузурги тавлидкунандаи нефт дар ҷаҳон шомили Амрико, Арабистон, Ироқ, Аморот, Бразиля ва Кувайт дар соли 2021 коҳиш дошт, аммо Эрон бо сабти 16.1 дарсад афзоиши тавлид бештарин рушди тавлиди нефт дар миёни кишварҳои ҷаҳонро ба сабт расонда аст.