Толибон бахши аз маблағи қарзи барқ ба Эрон ва Тоҷикистонро пардохт кард
(last modified Sat, 23 Jul 2022 13:58:29 GMT )
Июл 23, 2022 18:58 Asia/Dushanbe
  • Толибон бахши аз маблағи қарзи барқ ба Эрон ва Тоҷикистонро пардохт кард
    Толибон бахши аз маблағи қарзи барқ ба Эрон ва Тоҷикистонро пардохт кард

Вазорати энергетикаи Толибон бо баёни ин ки 35 миллион доллар қарз барои воридоти бақр аз кишварҳои Эрон, Узбакистон ва Тоҷикистон боқи монд гуфт: Бахши аз ин қарз пардохт шуда аст.

Абдулатиф Мансур, вазири об ва энергетикаи Толибон имрӯз гуфт, ки давлати гузаштаи Афғонистон 35 миллион доллар барои воридоти бақр аз кишварҳои Эрон, Узбакистон ва Тоҷикистон қарз бар ҷой гузошта аст.

Вай афзуд: Давлати мувақати Толибон бахши аз ин қарзро пардохта аст ва ҳануз қарзи ин кишварҳо ба сурати комил пардохт нашуда аст.

Вазири энергетикаи Толибон аз идғоми созмонҳои энергетика, обу барқ хабар доду гуфт: Ба далели ихтисоси будҷети барқ ба ниҳодҳои дигар дар давлати гузашта теъдоди аз тарҳҳои умрони дар ин бахш нотамом монда аст.

Вай аз кишварҳои ҷаҳон хост то дар зерисохтҳои Афғонистон сармоягузори кунанд.

Пеш аз ин вазири обо ва энергетикаи давлати мувақати Толибон дар дидори Ҳасани Муртазавӣ, муъовини сафири Ҷумуҳрии Исломии Эрон гуфта буд, ки: Пул ба андозаи кофи вуҷуд дорад ва қарзи Эрон пардохт хоҳад шуд.

Дар ин дидор муъовини сафири Эрон бо баёни ин ки бориши борон дар Афғонистон афзоиш ёфт, хостори ҳамкории Толибон барои таъмини ҳақобаи Эрон шуд.

Муртазавӣ дар идома бар лузуми насби 3 дастгоҳи обсанҷ миёни Эрон ва Афғонистон бар асоси тавофуқ дар биступанҷумин нишасти камисёри муштараки рудхонаи Ҳилманд таъкид карду гуфт: Толибод бояд маблағи барқи воридоти аз Эронро пардохт кунад.

Вазири обу ва энергетикаи Толибон низ дар ин дидор гуфта буд: Талош дорем зимни таъмини об барои кишоварзони Афғонистон ҳақобаи Эрон низ пардохт шавад ва барои насби дастгоҳи обсанҷ низ мувофиқи ин мавзуъ ҳастем, ки ҳаёти фанни аз ду кившар ба сурати муштарак ҳамкори кунанд.