Рӯзи Мубоҳилаи Паёмбари Акрам(с) чи рӯзи аст?
Якшанбе 24 зилҳаҷҷаи соли 1443 ҳиҷрии қамарӣ баробар бо 24 июли соли 2022мелодӣ рӯзи Мубоҳила аст.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Мубоҳилаи Паёмбари Ислом(с) бо масеҳиёни Наҷрон аз руйдодҳои садри Ислом, ки нишонгари ҳаққонияти даъвати Паёмбар(с) аст ва бар фазилати ҳамроҳони ишон шомили ҳазрати Алӣ(а) ҳазрати Фотима(с) ва имом Ҳасан(а) ва имом Ҳусейн(а) далолат дорад.
Воқеъаи Мубоҳила дар 24 зилҳаҷҷаи соли нуҳуми ҳиҷрии қамарӣ рӯӣ дод ва ояти 61 сураи Оли Имрон маъруф ба ояти Мубоҳила ба он ишора дорад.
Ин воқеъа дар манобеъи шиъа ва аҳли суннат омадааст, шиъаён муътақидан имом Алӣ(а) бар асоси ояти Мубоҳила ба манзалаи нафс ва ҷони Паёмбари Ислом(с) аст.
Бар асоси манобеъ Паёмбари Ислом(с) пас аз мунозира бо масеҳиёни Наҷрон ва имон овардани онҳо пешниҳоди Мубоҳила дод ва онҳо пазируфтанд, аммо дар рӯзи мавъуд масеҳиёни Наҷрон аз анҷоми Мубоҳила худдори карданд.
Мубоҳила дархости лаъну нифрини Илоҳӣ барои исботи ҳаққоният аст ва байни ду тарафе рух медиҳад, ки ҳар кадом иддаои ҳақоният доранд.