Июл 25, 2022 13:32 Asia/Dushanbe
  • Омодагии Эрон барои 24 соата кардани фаъолияти марзи Дуғорун

Раиси Идораи транзити роҳдорӣ ва ҳамлунақли ҷодаии Хуросони Разавӣ (шимоли шарқи Эрон) гуфт, Эрон бо фароҳам кардани зерсохтҳои лозим барои 24 соата кардани фаъолияти гузаргоҳи марзии Дуғорун бо Афғонистон омодагии комил дорад.

Гузаргоҳи марзии Дуғорун дар марзи Эрону Афғонистон дар фосилаи 18 километрии Тойбод қарор дорад ва маркази ин шаҳристони марзии 120 ҳазор нафарӣ дар 225 километрии ҷануби шарқии Машҳад воқеъ аст.

Солона 1. 5 миллиард доллар содирот, се миллиард доллар транзити хуруҷӣ ва 20 миллион доллар воридот аз тариқи марзи Дуғорун байни Эрону Афғонистон анҷом мешавад.

Муртазо Муҷаррадӣ афзуд: Пеш аз ин низ тамоюли худ ба шабонарӯзӣ кардани тараддуд аз гузаргоҳи марзии Дуғорун - Исломқалъаро ба масъулони иҷроии Афғонистон мунтақил карда будем, аммо то кунун посухи мусбате аз ҳамсояи шарқӣ дарёфт нашудааст.

Муҷаррадӣ гуфт, ҳаминак рӯзона 450 комюн ба сурати вуруду хуруҷ дар қолаби поёнаи марзӣ, минтақаи вижаи иқтисодии Дуғорун ва бозорчаи марзӣ аз гузаргоҳи марзии Дуғорун - Исломқалъа тараддуд доранд.