Эрон: Тамдиди таҳримҳо аз сӯйи Амрико мухолифи БАРҶОМ аст
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i8899-Эрон_Тамдиди_таҳримҳо_аз_сӯйи_Амрико_мухолифи_БАРҶОМ_аст
Сухангӯи Вазорати хориҷаи Эрон гуфт, мусаввабаи Маҷлиси намояндагон ва Сенати Амрико барои тамдиди таҳримҳои Эрон, мухолифи БАРҶОМ (тавофуқи ҳастаӣ) ва тааҳҳудоти Амрико аст.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Декабр 02, 2016 14:01 Asia/Dushanbe
  • Эрон: Тамдиди таҳримҳо аз сӯйи Амрико мухолифи БАРҶОМ аст

Сухангӯи Вазорати хориҷаи Эрон гуфт, мусаввабаи Маҷлиси намояндагон ва Сенати Амрико барои тамдиди таҳримҳои Эрон, мухолифи БАРҶОМ (тавофуқи ҳастаӣ) ва тааҳҳудоти Амрико аст.

Ба гузориши радиои тоҷикӣ, Баҳроми Қосимӣ, сухангӯи Вазорати хориҷаи Эрон рӯзи ҷумъа дар вокуниш ба тасвиби тарҳи тамдиди таҳримҳои якҷонибаи Амрико алайҳи Эрон афзуд: “Мусаввабаи ахири Маҷлиси намояндагон ва Сенати Амрико барои тамдиди таҳримҳои Эрон мухолифи тавофуқи ҳастаӣ ва низ мухолифи тааҳҳудоти Амрико дар ҳуқуқи байналмилал, мабнӣ бар мудохила накардан дар равобити дохиливу байналмилалии дигар кишварҳост”.

Баҳроми Қосимӣ таъкид кард, давлати Амрико масъули иҷрои тааҳҳудоти байналмилалии он кишвар аст ва таҳаввулоти сиёсии дохили Амрико наметавонад тавҷеҳе барои сустӣ ё сарбоз задан аз иҷрои тааҳҳудоти байналмилалии он кишвар маҳсуб шавад.

Сухангӯи Вазорати хориҷаи Эрон ҳамчунин гуфт, Эрон ба тавофуқоти байналмилалии худ пойбанд буда, аммо омодагиҳои лозим барои посдории муассир, қавӣ ва мудаббирона аз ҳуқуқи мардуми Эрон дар ҳар шароитеро эҷод кардааст.

Қосимӣ таъкид кард, Эрон рафтори давлати Амрико дар ин заминаро ба сурати дақиқ расад кардаву гузориши комил ба ҳайати назорат бар иҷрои БАРҶОМ, ба манзури тасмимгириву иқдоми мутаносиб ироа хоҳад кард.

Маҷлиси Сенати Амрико шаби гузашта бо аксарияти 99 раъйи мувофиқ, бидуни раъйи манфӣ тамдиди қонуни таҳримҳо алайҳи Эронро барои як давраи 10-солаи дигар тасвиб кард.

Пеш аз ин Маҷлиси намояндагони Амрико ҳам тамдиди қонуни таҳримҳои Эронро бо аксарияти оро барои як давраи 10 -солаи дигар тасвиб карда буд.