Июл 25, 2022 14:25 Asia/Dushanbe
  • Иртиқои тавони разму рӯҳияи салаҳшӯрӣ аз шохисаҳои артиши инқилобӣ аст

Фармондеҳи неруи ҳавоии артиши Ҷумҳурии исломии Эрон таъкид кард, иртиқои тавони разму рӯҳияи салаҳшӯрӣ аз шохисаҳои артиши инқилобӣ аст.

Сартип халабон Ҳамиди Воҳидӣ гуфт, имрӯз артиши Ҷумҳурии исломии Эрон артише аст, ки бешак заминасози зуҳури ҳазрати Маҳдӣ (аҷ) хоҳад буд аз ин рӯ иртиқои тавонмандиҳои чунин артише аз авлавиятҳои неруи ҳавоӣ аст.

Фармондеҳи неруи ҳавоии артиш афзуд, артиши Ҷумҳурии исломии Эрон, бахусус неруи ҳавоӣ ҳамвора дар садади баровардасозӣ ва таҳаққуқи фармонҳои Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ барои сохти кишваре қудратманд ва исломӣ аст.

Амири сартип Воҳидӣ ҳамчунин гуфт, иртиқои тавони разму рӯҳияи салаҳшӯрӣ яке аз муҳимтарин шохисаҳои як неруи артишӣ дар тарози инқилоби исломӣ аст.